Чун анъанаи қаблӣ ин рўзи шанбе (16.10.2021) низ ба қабули раиси ноҳия, муҳтарам Бозоралӣ Одиназода одамони корафтода омада буданд. Раис дар ҳузури роҳбарони ташкилоту муассисаҳо онҳоро шунида, баҳри амалӣ гардондани талабу дархостҳояшон ба мутасаддиёни соҳаҳо супориш дод. Корафтодагон-онҳое, ки ба қабули раиси ноҳия омада буданд, аслан дар бораи замини наздиҳавлигӣ, ҷудо намудани замин барои ташкили хоҷагиҳои деҳқонӣ, ҳалли баъзе масъалаҳои ҳалталаб оиди замин, об ва дигар масоилҳо суҳбат карданд.
Раис ҳар яки онҳоро бодиқкат шунида, барои ҳалли мушкилоташон маслиҳатҳои судбахш дод. Ба роҳбарони ба ҳалли ин масъалаҳо ва камбудиҳои ҷойдошта мутасаддӣ супориши қатъӣ дод, ки ҳар як арзу шикоят, дархостҳои дар рўзи қабул иброз гардида дар сари вақт ва дар мўҳлати ваъдагӣ ба иҷро расонда шавад.
- Фаромўш накунед, ки бузургонамон беҳуда нагуфтаанд, ки « чун поят сўхт, лаби об медавӣ» ва ана ҳамон оби пасткунандаи ҷойи сухтаистодаи аҳли меҳнаткашон мо роҳбарон ҳастем. Роҳбароне, ки моро бовар карда зимоми роҳбарии одамонро ба зиммаамон гузоштаанд. Пас мо ин боварии ба мо кардаро бояд софдилона,аз рўйи қонунҳои амалкунанда ба сомон расонем. Аз ёд набароред, ки аз паси ҳар як дархосту талаб ва шикоят одами зинда истодааст ва ў чашм ба роҳ аст, ки кай он роҳбари мутасаддии супориш гирифта меояд ва мушкилоташро ҳал мекунад. Мо бо одамон кор мекунем ва одамон бояд аз мо ва санъати роҳбариамон қаноатманд бошанд,- гуфт бо роҳбарони мутасаддӣ.
Корафтодагон аз назди раиси ноҳия қаноатманд рафтанд.
Маркази матбуоти раиси ноҳия