Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

Хабарҳо - ҶАЛАСАИ КОРӢ БАРГУЗОР ГАРДИД

      Таҳти роҳбарии раиси Шўрои ноҳиявии  мутобиқсозию методӣ оид ба тарбияи  ҳуқуқии шаҳрвандон,  раиси ноҳия, узви Мачлиси милии Маҷлиси Олии мамлакат муҳтарам Бозоралӣ Одиназода ҷаласаи   кории Шўрои  ноҳиявии мутобиқсозию методӣ оид ба тарбияи ҳуқуқии  шаҳрвандон баргузор гардид. Дар ҷаласа  дар мавзўъҳои гуногун аз қабили  «Баргузор намудани  вохўрию суҳбатҳо  ҷиҳати баланд бардоштани  маърифати ҳуқуқии аҳолӣ дар ноҳия вобаста ба қарорҳои  қабулнамудаи судӣ дар соҳаи соҳибкорӣ ва андоз. Тақвият бахшидан б корҳои фаҳмондадиҳӣ, аз ҷумла семинар-машваратҳо, вохўриҳо вобаста ба низоми андозбандӣ», « Таҳлили сабабҳои ба таҳсил фаро нагирифтани хонандагони  муассисаҳои таълимӣ ва натиҷагирӣ вобаста ба он», « Гузаронидани  ташвиқотӣ-тарғиботӣ  дар байни аҳолии ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия ҷиҳати фаҳмондаддиҳии  қонунҳои  чумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи масъулияти  падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», «Дар бораи танзими анъана  ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва дигар қонунҳо, Рафти иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 сентябри соли 2021 ва қарори  раиси вилояти Хатлон  аз 14 сентябри сол  равон  дар самти даъвати шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ кормандони ҳифзи ҳуқуқ, мудири шуъбаи маориф ва  комиссари ҳарбии ноҳия  суханронӣ намуданд.

       Дар ҷаласа раиси Шўрои мазкур, раиси ноҳия муҳтарам Б. Одиназода  оиди масъалаҳои муҳокимашуда баромад намуда, баҳри пешравӣ ва ба низоми муайян даровардани масъалаҳои мавриди таваҷҷўҳ қарор гирифта, маслиҳатҳои судбахш дод.

Маркази матбуоти раиси ноҳия

 

image
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

image
Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай

Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай