Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

Хабарҳо - ТАНТАНАИ БАХТНОМАИ МИЛЛАТ.

       Дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ  рўзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар  вазъияти тантанавӣ ва сатҳи баланд  таҷлил карда шуд.  Дар ҷамъомади тантанавӣ   меҳнаткашони ноҳия, кормандони сохторҳои қудратӣ, собиқадорони меҳнат ва омўзгорону хонандагони мактабҳо ширкат варзиданд.

       Дар  тантана раиси ноҳия, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии малакат муҳтарам Бозоралӣ Одиназода таҳти унвони «Конститутсия ифодагари ормонҳои мардум» баромад намуда, омадагонро ва тамоми мардуми сарбаланду ғайратманди ноҳияро ба ин санаи тақдирсози миллат шодбош гуфт. Ў қайд кард, ки меҳнаткашони ноҳия рўзи иди Конститутсияи мамлакати соҳибистиқлоламонро бо дастовезҳои баланди меҳнатӣ қайд намуда, дар тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ аз қабили кишоварзӣ, сохтмону бунёдкорӣ ва мактабу маориф тавассути меҳнати бурдборонаашон  ба комёбиҳои бузург ноил гардиданд.

     -Меҳнаткашони ноҳия шарофати ғайратмандиашон имсол низ чун солҳои рафта аз иҷрои тамоми  супоришу ўҳдадориҳои ба зимма гирифтаашон сарбаландона мужда расонданд. Чунин муваффақияту комёбӣ тўҳфаи арзандаест ба ҷашни  27-солагии Конститутсияи мамлакат,-гуфт дар баромадаш раиси ноҳия.

     Дар ҷамъомади тантанавӣ ба як қатор пешқадамони истеҳсолот,  кормандони соҳаи ҳуқуқ «Ифтихорнома»-ҳои  Хукумати ноҳия супурда шуд.

     Санъаткорони Филармонияи мардумии ба номи устод Одина Ҳошим хотири иштирокчиёни ҷамомади тантанавиро бо суруду рақсҳои  дилнишин  худ болида гардонданд.

Маркази матбуоти раиси ноҳия

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

                                                                     

 

image
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

image
Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай

Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай