Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

Хабарҳо - САФАРИ САРВАЗИР БА НОҲИЯ

     Сарвазири мамлакат муҳтарам Қ.Расулзода зимни сафари кориаш ба ноҳия дар баробари дидани корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ  дар соҳили дарёи Сурхоб ва заҳкашҳои ба он пайвастшаванда, аз фаъолияти  ҶДММ «Нонпаз», гармхонаҳои  доимоамалкунанда ва сардхонаҳои ҶДДМ «ТОҶ АГРО»-и деҳаи Сайроби  Ҷамоати деҳоти Панҷоб ва  сохтмони  ҳавзи обтакшинкунӣ ва соҳилмустаҳкамкунӣ дар соҳили дарёи Панҷ аз наздик  дидан намуд. Сарвазири мамлакат  инчунин  ба   якчанд корхонаҳои нави  ба итмом  расидаи ноҳия  ташриф фармуда, онҳоро дар вазъияти тантанавӣ ифтитоҳ намуд. Аз ҷумла, бо ташаббус ва дастгирии ҷавонмардони бунёдкор ва созанда дар Ҷамоати деҳоти Меҳнатобод сехи дўзандагӣ, маркази хизматрасонӣ, хати нави  коркарди намаки ошӣ сохтаю ба истифада дода шуданд.  Дар ин иншоотҳои нав бунёд ёфта даҳҳо одамон соҳиби ҷойи кор шуданд. Меҳмонон  дар рафти сафари корӣ аз намоиши маҳсулотҳои кишоварзии «Гўшаи деҳқон» дар Ҷамоати деҳоти Қаҳрамон дидан карда, ба маҳсулотҳои расондаи  хочагиҳои деҳқонии ҳудуди ҷамоат арзи сипос намуданд.            

Маркази матбуоти раиси ноҳия

 

 

image
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

image
Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай

Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай