Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

Хабарҳо - МАҶЛИСИ НАЗОРАТӢ НАЗОРАТРО ПУРЗЎР КАРД

   Ҷаласаи назоратии  назди раиси ноҳия, ки рўзи душанбеи 6-ноябр баргузор гардид, як қатор масъалаҳои мубрами рўзро мавриди баррасӣ  қарор дод. Аз ҷумла сараввал оиди ҷамъоварии андоз масъала матраҳ гардида, раис аз роҳбарони соҳаи мазкур ҷиддӣ пурсон шуд. Дар рафти пурсиш тамоми масъулони соҳаро вазифадор намуд, ки оиди ин масъалаи мубрами рўз ба кашолкорӣ роҳ надода, аз пайи иҷрои нақшаҳои андоз  шаванд. Оиди боз ҳам вусъат додани  кишти зироатҳои тирамоҳ дар заминҳои аз ғўзапоя холишуда чораҳои амалӣ бинанд. Тибқи нақшаи созмондодашуда кишти картошка дар мўҳлатҳои муфиди агрономӣ гузаронида шавад. Дар ин бобат раис аз ҷонишинаш М.Орифзода ва раисони ҷамоатҳо талаб кард, ки корро дар ин самт вусъат диҳанд. Раис дар рафти суҳбаташон дар бораи омодагӣ ба баргузории семинар-машварати соҳаи боғдорӣ, оиди  дуруст ба роҳ мондани қойидаҳои   коркарди  дарахтони мевадиҳанда ва ба ин кор ҷалб намудаи мутахассисони соҳа, боғпарварони соҳибтаҷриба ва олимон маслиҳатҳои муфид дод. Ба роҳбарони мутасаддии соҳа супориш доданд, ки  заҳкашҳо ва каналу чўйборҳоро ба тариқи дастӣ  тоза намуда, барои обёрии вақтӣ омода намоянд. Ба раиси кумитаи замин ва бахши ҳифзи табиат Орифзода ва  Ёрматов супориш доданд, ки тибқи нақшаи тартибдода ниҳолшинониро вусъат диҳанд. Ба ҷонишини раиси ноҳия Бодомзода ва сардони шабакаҳои барқи ноҳия Нуров супориш доданд, ки тавоноӣ ва ҳолати дар фасли зимистон омода будани зеристгоҳҳои барқии  ҳудуди деҳаву  маҳаллаҳоро ҳаматарафа санҷида, онҳоро ба кори мураттаб омода намоянд. Раис инчунин дар бораи фаъол намудани нуқтаи хизматрасонии бонкии  «Амонатбонк» дар деҳаи Меҳнатободи Ҷамоати деҳоти Меҳнатобод ба мутасаддиён супориш доданд. Инчунин дар бораи дар сари вақт додани қарзҳо ба хоҷагиҳои деҳқонии ноҳия, таҳлили вазъи норасоии омўзгорон дар мактабҳои ноҳия, идомаи корҳо дар самти даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ, дидани тадбирҳои зарурӣ  ҷиҳати иҷроиши  нақшаи обуна ба рўзномаҳои ҳизбӣ, ноҳиявӣ, вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ дар ҷамъомад сухан намуда, иҷрояшонро қатъӣ талаб намуда, зери назорати худ гирифтанд. 

Маркази Матбуоти раиси ноҳия

 

 

 

image
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

image
Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай

Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай