Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

Хабарҳо - ДАСТАИ «САРҲАДЧӢ» ДАР ҚАТОРИ БЕҲТАРИНҲО

      Дар шаҳри Душанбе ғолибони марҳилаҳои  минтақавӣ-дастаҳои Лигаи дуюми мамлакат «Сарҳадчӣ» - ноҳияи Ҳамадонӣ, «Меҳргон» -ноҳияи Файзобод, «Гулистон»- шаҳри Гулистон ва «Покиза» -шаҳри Душанбе барои се роҳхат ба Лигаи якуми  футболи мамлакат ба ҳам мусобиқа карданд. Дастаи « Сарҳадчӣ» дар вохўрии нимниҳоӣ дастаи «Меҳргон»-ро  бо натиҷаи 3:1 шикаст дода, дар бозии финалӣ бозиро бо дастаи «Гулистон»  0:2 бохт. Ҳамин тавр дастаи «Сарҳадчӣ» ҳамроҳи дастаҳои  «Покиза» ва « Гулистон»  соҳиби роҳхат  ба Лигаи якуми футболи  Тоҷикистон дар мавсими соли 2022 гардиданд.

      Мо мухлисон ба дастаи дўстдоштаамон «Сарҳадчӣ» дар масими футболи соли нави 2022 бозии хуб, маҳорати баланд, рўҳи ғалаба ва тўбҳои нишонрасро таманно намуда, онро дар Лигаи олии футболи  мамлакат дидан мехоҳем.  

Маркази матбуоти раиси ноҳия             

 

image
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

image
Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай

Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай