Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

Хабарҳо - СОҲИБКОРОН ОБОД МЕКУНАНД

    Бо ташаббус ва дастгирии  соҳибкорони маҳаллӣ дар арафаи Соли нави милодӣ дар ноҳия якчанд иншоотҳои нави хизматрасонӣ сохта шуд, ки онҳоро раиси ноҳия, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии  Ҷумҳурии Тоҷикистон Бозоралӣ Одиназода ва дигар шахсони расмӣ дар вазъияти тантанавӣ ифтитоҳ намуданд.

    Сараввал онҳо дар деҳаи Гулистони Ҷамоати Қаҳрамон мағозаҳои молҳои саноатӣ ва маҳсулотҳои кишоварзӣ, инчунин нонвойхонаи аз тарафи соҳибкорони маҳаллӣ сохташударо дар ҳозирии аҳли деҳа ба истифадабарӣ доданд. Дар ҷамъомади тантанавӣ ҳангоми кушодани ин иншоотҳои бунёдгардида сокинои деҳа ба сухан баромада, барои чунин ғамхориҳои рўзафзунашон аз сиёсати пешгирифтаи Сарвари муаззами миллат, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори қаноатмандӣ намуданд. Сипас, дар Ҷамоати деҳоти Панҷрўд мағозаи хўрокворӣ  ва осиёби  гандумордкунӣ  мавриди кушодашавӣ қарор гирифт. Осиёби мазкур дар давоми як шабонарўз зиёда аз даҳ тонна гандумро орди хушсифат менамояд. Дар қатори ба истифода додани иншоотҳои зарурии хоҷагии халқ боз дар ин чо ба муносибати  солҳои 2019-2021 эълон гардидани «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» намоишгоҳи ҳунарҳои чеварони ҳудуди ҷамоат  баргузор гардид. Дар ин намоишгоҳ занон маҳсули меҳнати худро аз қабили чакандўзӣ, тоқии кўлобӣ, пероҳани занонаву мардона, либосҳои ҳархела, нонҳои чапотиву кулча, фатиру  ширмолро ба маърази тамошо гузошта буданд. Кас ин офаридаҳои занону духтарон ва устоҳои чирадастро тамошо карда, садҳо раҳмат мефиристад ба Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ки бо шарофати  сиёсати офарандааш тавонист ҳунарҳои мардумии аҷдодони гузаштаи моро аз нав эҳё гардонда, рўзгори моро таровати тоза диҳад.

      Худи ҳамон рўз дар маркази ноҳия бинои нави гимназияи давлатии ноҳия бо иштироки омўзгорону аҳли падару модарон мавриди истифода қарор гирифт. Раиси ноҳия ҳангоми ифтитоҳи бинои нави гимназия, ки бо тамоми таҷҳизоти имрўзаи машғулиятгузарони муҷаҳҳаз мебошад, аз синфхонаҳо ва тарзи иштироку донишандўзии хонандагон дидан намуд.  Раис ҳангоми боздиди синфхонаҳо бо муаллимону хонандагон ҳамсуҳбат шуда, аз ҳолу аҳволи онҳо ҷўё гашт. Фикру ақидаи зумрае аз омўзгорони соҳибтаҷрибаро дар бобати баланд бардоштани роҳҳои таълиму тарбия шунид.

       Баъди ифтитоҳи бинои нави гимназияи давлатии ноҳия  боз якчанд мағозаҳои хизматрасон дар маркази ноҳия мавриди истифодабарӣ қарор гирифтанд.

      Боиси ифтихору сарбаландист, ки  ҷавонмардони дасткушоду сахипеша ва соҳибкорони муваффақ тасмим гирифтаанд, ки дар соли омадаистода, боз чандин иншоотҳои хизматрасонро бунёд намуда, пешкаши аҳолӣ мегардонанд.

Маркази матбуоти раиси ноҳия

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

image
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

image
Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай

Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай