Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

Хабарҳо - НАТИҶАҲО НАЗАРРАСАНД.

    Аз рўйи нақшаи муайян намудаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия  дар ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳот ҷамъбасти натиҷаи корҳои дар давоми соли рафта ба сомон расондаи меҳнаткашони ҳудуди ҷамоатҳо бо иштироки сокинони маҳаллаҳо мавриди  баррасӣ қарор гирифт.

    Чамъбасти натиҷаҳои сол нахустин дар ҷамоатҳои деҳоти Панҷрўд  баргузор гардид. Раиси ҷамоати Панҷрўд Ф.Раҷабов  дар назди иштирокчиёни ҷамъомад  оиди корҳои ба сомон расондаи  меҳнаткашони ҷамоат дар давоми соли рафта маълумот дод. Ў қайд намуд, ки меҳнаткашони ҷамоати мо корро дар асоси талаботҳои рўз ба роҳ монда, дар тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ ба нишондиҳандаҳои назаррас ноил гардиданд. Нақшаи пахтасупорӣ барзиёд сомон ёфта, ғаллакорони ботаҷриба аз ҳар гектар замин  то 40-45  сентнерӣ ҳосил ба даст оварданд, ки дар шароити мо натиҷаи бад нест. Ба бозори истеъмолии ноҳия ва берун аз он  садҳо тонна сабзавоту мевагиҳо бароварда шуда, дар ғанӣ гардондани дастурхони меҳнаткашон ҳиссаи худро гузоштаанд. Кишти тирамоҳӣ низ барзиёд иҷро гардид. Меҳнаткашони ҳудуди ҷамоати мо  заминаи боэътимоди ҳосили соли навро гузошта, нияташон боз ҳам хубтару ғайратмандона кор кардан мебошад.

    Сипас раиси ноҳия муҳтарам Бозоралӣ Одиназода баромад намуда, корҳои ба сомон расондаи меҳнаткашони ҷамоат, бурду бохти онҳоро ҳаматарафа бо далелҳои мушаххас таҳлил намуд.

   - Дуруст аст, ки меҳнаткашони ҷамоат соли рафта нисбати солҳои пешина хубтару ғайратмандона кор карданд, соҳибмуваффақият гардиданд, аммо набояд фаромўш кард, ки зиндагӣ, замон, тараққиёт ҳамеша пешравиро, кори хубро, ташаббускориро тақозо мекунанд.  Мо аз соли рафта дурусттару хубтар кор кардем, аммо ҳаргиз ин ҳадди охирин шуда наметавонад. Мо бояд ҳар сол истифода аз омилҳои фаровонҳосилӣ  ҳосили зироатҳои кишоварзиро баланд бардорем. Аз заминҳои дар ихтиёрамон буда ду-се ҳосил гирифта, ҳам худамонрову ҳам бозори истеъмолиро таъмин намоем,-гуфт муҳтарам Б. Одиназода. Раис дар баромадаш инчунин ба тамоми паҳлўҳои кори меҳнаткашони ҷамоат аз қабили таълиму тарбия, ҳифзи саломатии мардум, кори китобхонаҳо, ба сафи артиш сафарбар кардани ҷавонон, иштироки мактаббачагон дар Озмунҳои  ноҳиявӣ, вилоятӣ ва ҷумҳурӣ, оилаҳои ҷавон ва дигар мавзўъҳо суханронӣ намуда. дар пеши меҳнаткашони ҷамоат вазифаҳои наву иҷрошаванда гузошт.

     Дар анҷоми вохўрӣ ба як қатор пешқадамони истеҳсолот  дар вазъияти тантанавӣ «Сипоснома» ва тўҳфаҳои хотиравии  мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия  супурда шуд.    

Маркази матбуоти раиси ноҳия

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

image
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

image
Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай

Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай