Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

Хабарҳо - НАТИҶАГИРӢ АЗ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ ЧУБЕК.

        Рӯзи 07.01.2022 бо иштироки муовини раиси ноҳия Бодомзода С ва мудири шуъбаи рушди ичтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси ноҳия Қиматов З дар толори МТМУ 5- и Ҷамоати деҳоти Чубек ҷамъбасти фаъолияти соли сипаришуда натиҷагирӣ карда шуд. Дар кори маҷлис роҳбарони сохторҳои ноҳиявӣ, директорони мактабҳо, мудирони клубу китобхонаҳо, раисони маҳаллаҳо ва фаъолони Ҷамоат иштирок намуданд. Зимни баромади худ раиси Ҷамоат Абдулхайров Х.К қайд намуданд, ки дар соли гузашта дастгоҳи Ҷамоат дар як қатор соҳаҳо фаъолияти хуб намуда, инчунин, ҷиҳати ободу зебогардонӣ, бунеду азнавсозии иншоотҳо ва дигар самтҳои хоҷагии халқ бо дастовардҳои назаррас ноил гаштанд. Дар қатори дастовардҳо аз камбудиҳои ҷой дошта низ сухан карда шуда, баҳри ислоҳи камбудиҳо ва беҳтар намдани кор дар самтҳои мазкур аз тарафи муовини раиси ноҳия Бодомзода С. дастуру супоришҳо дода шуд. Инчунин, барои беҳтар намудани фаъолият дар соли ҷорӣ тавсияву пешниҳодҳои мушахас барои хубтар намудани корҳо дода шуд.

 

Маркази матбуоти раиси ноҳия

 

 

image
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

image
Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай

Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай