Бо дастури раиси ноҳия муҳтарам Бозоралӣ Одиназода дар давраи таътили зимистонаи мактаббачагон як силсила чорабиниҳо ташкил ва гузаронида шуданд.
Дар толори варзишии мактаби №3-и Ҷамоати деҳоти “Панҷруд” аз рўи намуди гуштини самбо мусобиқа доир гардид, ки дар он 23 варзишгари наврас аз мактабҳои ноҳия ширкат варзида , байни ҳам рақобат намуданд.
Дар ҷамъбасти мусобиқа гуштингирони мактаби №3 маҳорати хуб нишон дода, соҳиби ҷойи аввал гардиданд. Ҷойҳои 2-юму 3-юмро варзишгарони мактабҳои № № 27 ва 20 ишғол намуданд.
Ба ғолибон Ифтихорномаҳои мактаби варзишии ноҳия (директораш Бахтиёр Саъдуллозода) супорида шуд.
Маркази матбуоти раиси ноҳия
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай
© 2018 - МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ МИР САИД АЛИИ ҲАМАДОНӢ