Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

Хабарҳо - Аз санҷиши тиббӣ гузаштанд

        Тайи  чанд  рўзи    моҳи  январ   ва ҳамин  рўз   дар комиссарияти   ҳарбии  ноҳия   хонандагони  соли   таваллуди  2006  барои  бақайдгирии   ибтидоӣ   аз   санҷиши  тибби гузаштанд.

    Тавре  комиссари    ҳарбии  ноҳия   подполковник  Мирзозода  Маҳмуд  Бобо  дар  суҳбат  зикр  кард,  имсол 1200  нафар  хонандагони   синфҳои  9  аз комиссияи     тиббӣ  гузаронида   шуданд.  Ва  илова  кард, ки  нафарони    беморбуда  бо  роҳхат ба  бемористони  ноҳиявӣ   барои  ташхис  ва табобат  равон  карда  мешаванд.

    Вақте, ки  бо чанд  нафар  хонандагони   таълимгоҳҳои  ҳудуди  шаҳрак   ҳамсуҳбат  гардидем,  онҳо  ба хушнудӣ  изҳор  карданд,  ки баъди   хатми  муассисаи   таълимӣ  бо дилу   ҷон  хизмати   Ватанро   ба ҷо  оварда,  марзу  буми   кишвари   азизамонро   бо сари  баланд  ҳифз  менамоянд.    

Маркази матбуоти раиси ноҳия

 

 

 

image
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

image
Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай

Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай