Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

Хабарҳо - БА ҲАШАР БАРОМАДАНД.

       Омад-омади фасли баҳор ҳамаро серкору сертараддуд кардааст. Марди деҳқон ба саҳро баромада, ҷўйю каналҳо ва новаҳои обгузарро тоза менамоянд. Як тарафи дигар дар ҷойҳои холимондаи замиҳо шинондани дарахтони мевадиҳандаю ороишӣ ва гулу гулбуттаҳо идома дорад. Зебогардонии гирду атрофи муассисаву идораҳо ва мактаҳо дар маркази ноҳия-шаҳраки Москва низ  суръати тоза гирифта истодааст. Дирўз аҳли коллективи омўзгорон, устоҳои таълимӣ-истеҳсолӣ ва аҳли донишҷўёни Литсеи касбӣ-техникии ноҳия бо роҳбарии директори ин макони сайќалдиҳии касб ба ҳашари дарахтшинонӣ баромаданд. Дар ин ҳашари умумзиёда аз 120 нафар аҳли коллектив иштирок намуда, даҳҳо бех дарахтони гуногун ва гулу гулбўттаҳо шинонданд.

     - Аҳли коллективи мо тасмим гирифтанд, ки аз рўзҳои мусоиди моҳи январ  истифода бурда, баҳри зебогардонии гирду атрофи Литсей ва кўҷаҳои ба мо вобастакардашуда  дарахтони сояафкану ороишӣ ва гулбуттаҳои гуногун шинонанд. Чӣ тавре ки дида истодаед, кор дар ин самт бо сифати баланд идома дорад- гуфт ҳангоми суҳбат директори Литсейи касбӣ-техникӣ  Хуршед Қурбонов.

     Ҳар сол дар ҳудуди ноҳия бо қувваи ҳашарчиён садҳо бех дарахтони гуногун шинонда мешавад, ки онҳо ба ҳусни ноҳия ҳусну таровати тозаеро  ато мекунанд.      

Маркази матбуоти раиси ноҳия

 

image
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

image
Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай

Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай