Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

Хабарҳо - ТАШАККУР БА ШУМО, БОБОИ ҲОҶӢ

   Ҳар як ҷавонмард бояд мисли бобои ҳоҷӣ Зайниддин дили васеъ, дасти саховатпеша ва меҳру муҳаббати гарм дошта бошад.

  Иқдоми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат- Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  дар бораи роҳи васеъ кушодану дастгирӣ намудани  мардони саховатпешаю эҳсонкор ва ободгари Ватани соҳибистиқлоламон боис гардид, ки сафи чунин мардони саховатпеша торафт афузун гардад. Чанде пеш дар олимпиадаи  байналмиллалӣ  аз фанни математика таҳти унвони «Архимед», ки дар шаҳри Кўлоб  баргузор гардид, хонандагони синфи 8-уми мактаби миёнаи рақами 4 –и ноҳияамон Зайниддини Раҳим  ва Эҳсони Баҳодур  ( муаллими дарсдиҳанда  Меҳроб Оқилов) сазовори ҷойи дуюм гардиданд. Махсусан, сокини деҳа бобои ҳоҷӣ Зайниддин Шарифзода аз ин ғалабаи хонандагони фаъол хушнуд гардида, аз ҳисоби шахсиаш ба муаллими дарсдиҳанда 500 сомонї ва ба хонандагони ғолиб  300 сомонї туҳфа намуд. Ин иқдоми бобои ҳоҷӣ  дар байни сокинон паҳн гардида,  боиси  таҳсину офарини ҳамдеҳагонаш гашт.

     -Ман ин иқдомро барои он роҳандозӣ намудам, ки дигарон фаҳмида, ин ташаббусро дастгирӣ намоянд. Вақте ки донишу малакаи наврасон аз тарафи мо калонсолон мавриди таваҷҷуҳ қарор мегирад, ин боиси боз ҳам ба  донишандўзӣ ҷалб  намудани  онҳо мегардад. Ин як ҳавасмандкунии одӣ дар қалби онҳо меҳру муҳаббатро ба китоб ва мутолиаи он дучанд мекунад,- мегўяд бобои ҳоҷӣ Зайниддин  Шарифзода.

       Аминем, ки ин иқдоми саховатмандонаи бобои ҳоҷӣ дар байни дигар ҷавонмардони олиҳиммат ва дасткушоди ноҳияамон  дастгирӣ ёфта,  қобили амал қарор мегирад.         

     Маркази  матбуоти  раиси ноҳия

image
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

image
Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай

Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай