Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

Хабарҳо - НИҲОЛШИНОНӢ АВҶ МЕГИРАД

                       

           Дар  асоси  нақшачорабиниҳои  тасдиқгардидаи   мақомоти иҷроияи ҳокимияти  давлатии  ноҳия    “Дар  бораи  Барномаи  давлатии   маҷмўи рушди  тарбия  ва  маърифати     экологии аҳолии   Ҷумҳурии  Тоҷикистон  барои солҳои 2021-2025” мавсими  ниҳолшинонӣ  идома  дошта  он    авҷи  тоза  мегирад. Марди деҳқон ба саҳро баромада, ҷўйю каналҳо ва  новаҳои обгузарро тоза  намуда,  аз  тарафи дигар дар ҷойҳои холимондаи заминҳо шинондани дарахтони мевадиҳандаю ороишӣ ва гулу гулбуттаҳо саҳм  мегузорад.  Бо  ташаббуси   бахши ҳифзи  муҳити  зисти  ноҳия,   имрўз  дар  Ҷамоатҳои деҳоти  Чубек (роҳбараш Хисрав Абдулхайров)  ва Ҷамоати деҳоти Меҳнатобод  (роҳбараш Эмомалӣ Азимов)  ҳашари  ниҳолшинонӣ ташкил  гардид, ки   зиёда  аз  1500  адад  дарахтони  тут  ва  ниҳолони  мевадиҳандаю ороишӣ  шинонида  шуд.  Дар хоҷагиҳои  деҳқонии “Абдулфайз”, “Давлаталӣ-2005”-и Ҷамоати  деҳоти   Чубек  зиёда  аз  600  адад  ва  хоҷагиҳои  деҳқонии “Самар”, “Зарафшони панҷ”, “Аҳмадбой” ва “Умед”-и Ҷамоати  деҳоти Меҳнатобод  зиёда  аз 900 адад  ниҳолони сояафкану  мевадиҳанда  шинониданд.  Ҳар сол дар ҳудуди ноҳия бо қувваи ҳашарчиён садҳо бех дарахтони гуногун шинонда мешавад, ки онҳо ба ҳусни ноҳия  таровати тозае  мебахшад. Бинобар  иттилои  бахши  ҳифзи  муҳити зисти ноҳия  аз  аввали  мавсими  ниҳолшинонӣ  дар ҳудуди Ҷамоати  деҳоти Чубек 1510 бех  ва Ҷамоати  деҳоти  Меҳнатобод  1560    бех  дарахтони  гуногун  шинонида  шудааст.      

Маркази  матбуоти  раиси  ноҳия

image
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

image
Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай

Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай