Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

Хабарҳо - БАРОИ ҶОМИ ФФТ

                                     

Дирўз  дар  Варзишгоҳи  марказии ноҳияи Ҳамадонӣ  бозиҳо  барои Ҷоми  Федератсияи  футболи  Тоҷикистон (дар  минтақаи Кўлоб)  бо  иштироки  панҷ  даста  оғоз ёфтанд.  Баъди  шунидани Суруди  миллӣ  довари  марказӣ  дастаҳои   «Сарҳадчӣ»  (н. Ҳамадонӣ)  ва  «Равшан»-и (Кўлоб)  ба  майдон  баромаданд.  Бозӣ  бо ҳуҷҷумҳои   тарафайн  гузашт.  Дар  дақиқаи  чоруми  бозӣ   бозингарони  «Равшан»  ба  сўйи дарвозаи  «Сарњадчӣ»  ҳуҷҷуми ҷавобӣ  намуданд,  зарбаи  сахти  ҳамлавари   онҳоро  дарвозабон Шоҳрух  Сафолов  моҳирона  баргадонд.  Дар  дақиқаи  13-уми  бозӣ  довар ба  сўйи  дарвозаи «Сарҳадчӣ» ҷаримаи  11- метра  таин  кард  ва  меҳмонон  аз  ин  имконият  истифода  бурда,  ҳисоби  бозиро   боз  намуданд.  То  охири  бозӣ  меҳмонон  боз  2- тўби  дигар  зада,   бо  натиҷаи   3-0  дастболо  гардиданд.

   Дар  бозии  дигар  байни  дастаҳои  «Ҳосилот»  (Фархор)  ва «Ҳулбук»-и  н.Восеъ  фархориҳо  хубтар   тўбронӣ   намуда,   бо ҳисоби  2-0   ғалаба  карданд.   Дар  ин рўз  иштирокчии  дигар   дастаи «Шоҳин» (н.Муминобод)  аз  бозӣ  озод  буд. Пагоҳ, яъне 1 феврал футболбозони «Сарҳадчӣ»  бо  дастаи «Шоҳин»  қувваозмоӣ   менамоянд.  

 

Маркази  матбуоти раиси  ноњия

image
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

image
Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай

Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай