Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

Хабарҳо - БАРГУЗОРИИ ҶАЛАСАИ ШӮРОИ МИЛИИ КОР БО ҶАВОНОН

       Таҳти раёсати раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ҷаласаи Шӯрои миллии кор бо ҷавонони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия баргузор шуд, ки дар он ду масъала- ахбори котиби Шӯро ва нақшаи Шӯро барои соли 2022 мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

       Дар ибтидо котиби Шӯрои миллии кор бо ҷавонони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия –мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия Некрузи Хайрулло доир ба фаъолияти Шӯро дар соли 2021 ахбори муфассал пешниҳод намуд.

       Дар идома нақшаи кори Шӯро бари соли 2022 тасдиқ гардида, ҷиҳати татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон ва иҷрои нақшаи Шӯро раиси ноҳия масъулинро муваззаф намуданд.

     Дар хотима вобаста ба фаъолияти Шӯро сӯҳбати озод сурат гирифта, ҷиҳати боз ҳам тавсеа бахшидани кори он таклифу пешниҳодҳо баён гардид.

Маркази матбуоти раиси ноҳия

 

image
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

image
Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай

Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай