Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

Хабарҳо - ВОХЎРӢ СУДБАХШ ГУЗАШТ.

        Дирӯз  бо  иштирокии  муовини  раиси  виллояти  Хатлон  муҳтарам Сулаймонзода Акрам,  Комиссари ҳарбии вилояти Хатлон - полковник Солизода У. ва  раиси Кумитаи вилоятии ТҶММ –и вилояти Хатлон полковник Достиев А.Ш  бо фаъолони ноҳия вохўрии судманд  доир  намуданд.  Баромадкунандагон  оид ба  рафти  иҷрои  қарорҳои раиси вилояти Хатлон «Дар  бораи  омодагӣ  ба  даъвати  баҳорӣ»  ва «Дар  бораи  тайёр  намудани  мутахассисон дар  курсҳои  ронандагӣ ва  дигар  ихтисосҳо барои  Қувваҳои  Мусаллаҳ   заруратдошта»  ибрози  ақида   намуда,  дастуру маслиҳатҳои  муфид  доданд. Сипас, баромади   раиси Комиссияи  даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ, муовини  раиси  ноҳия Бодомзода С.  «Оид  ба  натиҷаҳои  даъвати  тирамоҳии ҷавонон дар   соли  2021 ва мушкилоту  монеъаҳо ва дастовардҳои  он»  шунида  шуд. Баъди  таҳлилу  баррасии масъалаҳо  аз ҷониби  иштирокчиён  барои беҳтару  босифат  иҷрои  намудани  нақшаи  даъвати  баҳорӣ  таклифу   маслиҳатҳои судманд дода шуд.  Дар  ҷаласа  инчунин,   баромади  Комиссари  ҳарбии ноҳия  подполковник  Мирзозода  Маҳмуд  Бобо  оид  ба  натиҷаи  корҳои  анҷомдодашуда,   шунида  шуд. Баҳри  боз ҳам хубтар   ба  роҳ  мондани  кор  аз  тарафи  кормандони Комиссарияти ҳарбии  ноҳия, муовини  раиси  вилоят Сулаймонзода А.  дастуру  супоришҳои  судманд  пешниҳод намуд.  Дар  анҷом,   раиси  ноҳия  муҳтарам Одиназода Б.Н    ба  сухан  баромада,  сабабу  омилҳои дертар  анҷом  ёфтани  даъвати  тирамоҳии  соли  2021- ро   таҳлилу  баррасӣ  намуд.  Зимни баромадашон    раиси  ноҳия,   қайд намудаанд, ки  ҳар  як  шаҳрванди  ноҳия, фаъолон,  роҳбарони ташкилоту  идораҳо  дар  сафарбар  намудани  ҷавонон  ба  сафи  артиш  бетарафиро  ихтиёр  накарда,  аҳли ҷамоатчигиро дар рўҳияи  ҳифзи  марзу  буми Модар-Ватан  ва бо сари  баланд адо  намудани қарзи ҷавонмардии ҷавонон   бедор  созанд.

     Маркази  матбуоти раиси  ноҳия

 

 

 

image
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

image
Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай

Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай