Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

Хабарҳо - СЕМИНАРИ ОМЎЗИШӢ

                              

         Дирўз  бо иштироки  муовини  якуми  раиси  ноҳия  муҳтарам  Орифзода М.М  дар толори  мақомоти  иҷроияи ҳокимияти  давлатии  ноҳия  машварати  омўзишию  фардӣ  аз  ҷониби намояндагони  Барномаи Созмони  Миллали  Мутаҳид  дар  доираи  лоиҳаи  “LITAKA”    баргузор  шуд.  Дар  машварат,  соҳибкорон,  раисони  маҳаллаҳо  ва роҳбарони  хоҷагиҳои  деҳқонии ҳудуди  ноҳия  иштирок  доштанд. Ҳамоҳангсози  барномаи  мазкур бахши  иқтисод  ва  савдои  мақомоти иҷроияи ҳокимияти  давлатии  ноҳия (мудираш Сафаров Мансур)   буда,   мақсади  асосии он   тарзи  таҳияи лоиҳаҳо   ва  аз  худ  намудани грантҳои  пулӣ,   рушди  соҳаи  кишоварзӣ,  таъсиси корхонаҳои  хурди саноатӣ  дар  ин  зимн,   таъсиси  ҷойҳои  нави  корӣ    мебошад. Дар  охир  иштирокчиён  пурсишҳо  ба  амал  оварда,   ба  суолҳои  худ ҷавобҳои мушаххас  гирифтанд. 

Маркази  матбуоти раиси  ноҳия

 

 

image
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

image
Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай

Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай