Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

Хабарҳо - Бохти “ Сарҳадчӣ”

                      Бохти “ Сарҳадчӣ”

    Дар  даври   навбатии  мусобиқот    барои   дарёфти    Ҷоми  ФФТ  (  дар  минтақаи  Кўлоб)  дастаи “ Сарҳадчӣ” дар  Варзишгоҳи   марказии  ноҳия  бо дастаи  “Ҳосилот” (н.Фархор)  қувваозмоӣ  намуд.  Борони  бошиддат  ба рафти  бозӣ  таъсир  расонд,  тўб  тез – тез   дар  кулмакчаҳо  ист  мекард.  Меҳмонон,  ки  таҷрибаи   хубтар  доштанд,  рафти  бозиро  ба дасти худ  гирифта,  бештар  ба ҳуҷум  мегузаштанд.  Ду ҳамлаи   футболбозони “Ҳосилот”  самар  овард  ва онҳо  бо ҳисоби  2-0  пирўзӣ  ба  даст  оварданд. Футболбозони    дастаи “Ҳосилот”  бо ба даст овардани 9  имтиёз  мавқеи худро  дар  зинаи  аввал  устувор  намуда,  дар сурати пирўзӣ  бо  дастаи  “Шоҳин”-и   ноҳияи  Муъминобод  дар  бозии  оянда,  метавонанд дар гуруҳ   ҷойи  якумро  ба даст  оварда,  ба  даври   дигари   мусобиқот  роҳхат  бигиранд.

     Маркази  матбуоти  раиси  ноҳия

 

 

image
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

image
Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай

Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай