Ҷамъомади назди раиси ноҳия
Дар ҷамъомади навбатии назди раиси ноҳия, ки рўзи душанбеи ҳафтуми феврал доир гашт, ёздаҳ масъалаи мубрами рўз мавриди баррасӣ қарор гирифт. Масъалаи аввали рўзнома ҷамъоварии маблағ ҷои андоз барои моҳи феврал буд ва раиси ноҳия муҳтарам Бозоралӣ Одиназода ба шахсони масъул дастуру супориш доданд, ки баҳри иҷрои нақшаи андоз корро дар ин самт беҳтар ба роҳ монанд.
Дар масъалаи корбарӣ оиди ҷамъоварии маблағҳои андоз аз кооперативҳои тиҷоратию истеҳсолӣ ва Ҷамъиятҳои дорои масъулияташон маҳдуд раиси ноҳия аз масъулин пурсиш ба амал оварда, онҳоро вазифадор намуданд, ки ҷиҳати иҷрои нақша маълумот пешниҳод намоянд.
Доири масъалаҳои дигари ҷамъомад- ба охир расонидани шудгори заминҳои пахта; вусъат додани кишти зироатҳо, омода намудани техникаҳои кишоварзӣ барои кишти баҳорӣ ва пешниҳоди ҷадвали баргузории азназаргузаронии техникӣ дар ҷамоатҳои деҳот; вусъат додани кори тозакунии каналу ҷўйборҳои дохили хоҷагӣ ва маҳаллаҳо ба мавсими обгирӣ; пешниҳоди маълумот дар бораи ҳисоботи ҷамъбасти Ҷамъиятҳои чарогоҳистифодабарандагони ноҳия ; пешниҳоди маълумот доири иҷрои супоришҳои дар маҷлисҳои ҷамъбастии ҷамоатҳои додашуда, ки дар моҳи феврал ба иҷро мерасиданд; насб кардани шиору навиштаҷотҳо ба ифтихори 35- солагии Истиқлолияти давлатии ҶТ ҳам раиси ноҳия ба шахсони мутасаддӣ дастуру супоришҳо доданд, ки ҷиҳати иҷроиши корҳо тадбирҳои зарурӣ андешанд.
Баҳри амалишавии масъалаҳои дигари рўзнома – пуррагардонии курси ронандагӣ аз ҳисоби ҷавонони синни даъватӣ, омодагии њамаљониба ба даъвати баҳорӣ; пешниҳоди маълумот дар бораи ҳолати баррасии қарорҳо, мактубҳо ва дигар санадҳои воридгардида дар воҳидҳои сохтории мақомот, ташкилоту муассисаҳо ва ҷамоатҳои шаҳраку деҳот; омодагии ҳамаҷониба ба нишасти матбуотӣ раиси ноҳия ба муовинони соҳавӣ, роҳбари дастгоҳи раиси ноҳия , роҳбарони ташкилоту муассисаҳо , раисони Ҷамоатҳо, шуъбаю бахшҳои мақомот дастуру супоришҳои мушаххас доданд, ки ҳаматарафа омодагии ҷиддӣ бинанд.
Маркази матбуоти раиси ноҳия