Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

Хабарҳо - ТЕХНИКАҲО БА КОР ОМОДААНД.

           Имрўз  бо  иштироки  раиси  ноҳия  муҳтарам Одиназода Бозоралӣ  Неъмат, намояндаи Вазорати кишоварзии ҶТ, Раҳмонов Далер     намоиши  техникаҳои  кишоварзӣ  доир  шуд. Дар ноҳия комиссияи махсуси аз тарафи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия  созмон  додашуда, дар тамоми  хоҷагиҳо омодагии техникаҳои дар соҳаи кишварзӣ кор  мекардагиро  ба  мавсими кишту кор мавриди санҷиш қарор доданд. Маълум гардид,ки механизаторон техникаҳои дар ихтиёрашон бударо  пурра ва босифат ба мавсими кишту кори баҳорӣ омода намуданд.  

      Натиҷаи омодагии техникаҳои  кишткунанда ба таври умумӣ дар маркази ноҳия дар назди  меҳмонон ва сокинони ноҳия бори дигар мавриди санҷиши ҳаматарафа қарор гирифт. Дар ин чорабинӣ 120 адад техникаҳои кишоварзии гуногунтамғаро механизаторон ба  санҷиши комиссияи  қабули техникаҳои кишоварзӣ пешниҳод намуданд.

     -Имсол нисбати солҳои пешин техникаҳои кишткунанда ва дигар намудҳои он хеле барвақт ба кор омода карда шуданд. Ин шаҳодат аз он медиҳад, ки механизаторон қатори деҳконон масъулият ҳис намуда, баҳри дар сари вақт ба иҷро расондани мавсими кишту кори баҳорӣ тайёрии ҳаматарафа дидаанд. Ин тарзи кор махсусан дар Чамоатҳои деҳоти Панҷрўд,  Меҳнатобод,  Қаҳрамон  ва  Панҷоб  бо  сифати баланд анҷом дода шудааст,-гуфт зимни суҳбат сардори Раёсати кишоварзии ноҳия  Тоҳир  Рафиев.

       Меҳнаткашони ноҳия имрўзҳо аз боду ҳавои мусоид самаранок истифода бурда, заминҳоро баҳри босифат  кишт кардан ҳамтарафа омода намуда истодаанд.

      - Мо заминаи боэътимод ҳосили соли ҷориро аз ҳамин рўзҳо  гузошта, ният дорем, ки чун солҳои қаблӣ ҳосили дилхоҳ ба даст оварем. Барои амалӣ гаштани ин нияту максадҳои некамон дар мо тамоми шароитҳо мерасанд,- идома  дода  мегўяд  Т.Рафиев.

         Ба механизаторони пешқадам, ки техникаҳои худро хушсифат таъмир карда, ба кишти баҳорӣ омода намудаанд, дар вазъияти тантанавӣ «Ифтихорнома»-и раиси ноҳия ва туҳфаҳо супорида шуд.  

       Маркази  матбуоти  раиси  ноҳия

image
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

image
Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай

Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай