Қабл аз оғози даври дуюми чемпионати мамлакат оид ба футбол миёни дастаҳои лигаи якуми дастаи “Сарҳадчӣ” дар Варзишгоҳи марказии ноҳия бо дастаи “Ҳулбук”-и ноҳияи Восеъ бозии дўстона гузаронид.
Зурозмоиш ҳар ду даста басо тезутунд ҷараён гирифта , дар қисми якум ба дарвозаи якдигар њафт туб заданд.Восегиҳо дар қисми аввал бо натиљаи 4-3 пешсаф буданд.
Қисми дуюми вохўрӣ низ шавқовар сурат гирифта , дастаҳо бозии хуб нишон доданд. Футболбозони ноҳияи Ҳамадонӣ дар қисми 2-юм бештар ба ҳуҷум гузашта , ба дарвозаи меҳмонон 2 туб зада, аз дарвозаи худ як туб сар доданд.
Бозӣ бо ҳисобӣ 5-5 анҷом ёфт. Рафти бозӣ нишон дод, ки ҳар ду даста ба даври дуюми мусобиқот омодагии хуб дида истодаанд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай
© 2018 - МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ МИР САИД АЛИИ ҲАМАДОНӢ