Имрўз дар бинои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бо иштироки раиси ноҳия муҳтарам Бозоралӣ Одиназода ва роҳбарони ташкилоту муассисаҳо қабули шаҳрвандон баргузор шуд.Мавриди зикр аст, ки аз тарафи раиси ноҳия зиёда аз 15 нафар корафтодагон қабул ва муроҷиати онҳо мавриди баррсӣ қарор дода шуд. Бояд қайд намуд, ки шаҳрвандон бештар ба масъалаҳои ҷудо намудани замини назди ҳавлигӣ, ташкили хоҷагии деҳқонӣ, рушди соҳибкорӣ ва чорводорӣ, таъмини кумакҳои моддию молиявӣ ва дигар масъалаҳои доғи рўз муроҷиат намуданд, ки аксари онҳо ҳаллӣ худро пайдо намуд. Раиси ноҳия, ҷиҳати баррасии саривақтии муроҷиатҳои шаҳрвандон ба масъулин, роҳбарони ташкилоту муассисаҳои вобаст шуда дастуру супоришҳо дода, ба Шуъбаи умумӣ, назорат ва муроҷиатҳои шаҳрвандони дастгоњи раиси ноҳия супорида шуд, ки аз рафти он маълумоти муфассал пешниҳод намояд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай
© 2018 - МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ МИР САИД АЛИИ ҲАМАДОНӢ