15 августи соли 2022 дар толори Филармонияи кормандони ба номи Одина Ҳошимов машварати августии кормандони соҳаи маорифи ноҳия бо иштироки Раиси ноҳия муҳтарам Одиназода Бозоралӣ, муовини якуми раиси ноҳия, роҳбари дастгоҳи раиси ноҳия, масъулини шўъбаву бахшҳои дахлдори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, сардори Раёсати молия, кормандони дастгоҳи шӯъбаи маориф, роҳбарони муассисаҳои таълимии ноҳия, омӯзгорони собиқадор ва мутахассисони ҷавон, ғолибон ва ҷоизадорони озмунҳои ҷумҳуриявӣ, мудирони муассисаҳои томактабӣ баргузор гардид. Дар машварат мудири шӯъбаи маорифи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия Ғоибзода Насимҷон оид ба ҷамъбасти соли таҳсили 2021-2022 ва ва вазифаҳо барои барои соли таҳсили 2022-2023 маърӯза кард. Мавсуф дар маърӯза оид ба дастовардҳои маорифчиёни ноҳия, иҷрои барномаҳои давлатї, нишондиҳандаҳои толибилмони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳия дар олимпиадаҳои фаннӣ, озмунҳои ҷумҳуриявӣ, фарогирии хонандагон ба таҳсил, ҷалби хатмкунандагон ба ММТ, сифати таҳсилот, фаъолияти марказҳои дарёфт ва рушди истеъдодҳо, маркази таҳсилоти иловагӣ, муассисаҳои томактабии ноҳия, рушд ва таҳкими заминаи моддию техникии муассисаҳои таълимӣ истода гузашт.
Дар ҳошияи ҳисоботи мудири шӯъбаи маорифи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия директори маркази таҳсилоти иловагии назди шӯъбаи маорифи ноҳия Ашурзода Мубориз, директори Гимназияи давлатии №1 Ғолиб Ҳайдаров ва омӯзгори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №19 Сайидо Саидов ба музокира баромада, ҳисоботи мудири шӯъбаи маорифи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия Ғоибзода Насимҷонро оид ба ҷамъбасти соли таҳсили 2021-2022 мусбӣ арзёбӣ намуданд.
Дар идомаи машварат як қатор омӯзгорони беҳтарин, толибилмони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳия – ғолибону ҷоизадорони олимпиадаҳои фаннӣ, озмунҳои ҷумҳуриявӣ бо нишонаи сарисинагии Аълочии маориф ва илми Љумњурии Тоҷикистон, Ифтихорномаву Сипосномаҳои раиси ноҳия, Раёсати маорифи вилояти Хатлон, Шўрои иттифоқҳои касабаи вилоят, шӯъбаи маориф ва иттифоқҳои касабаи кормандони шӯъбаи маорифи ноҳия мукофотонида шуданд.
Машваратро раиси ноҳия муҳтарам Одиназода Б.Н. ҷамъбаст намуда, ба кормандони шӯъбаи маориф, роҳбарони муассисаҳои таълимӣ ва аҳли маорифчиёни ноҳия ҷиҳати бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта, аз љумла, аз байн бардоштани тарк кардани ҷойи корӣ аз тарафи омӯзгорон, норасоии китобњои дарсї, роҳ надодан ба расмиятчигӣ дар ҳисоботу нақшаҳои кори шӯъба ва муассисањои таълимї, бењтар ба роњ мондани фаъолияти марказҳои дарёфт ва рушди истеъдодҳо, таҳсилоти иловагӣ, маркази инкишофи кӯдакон дар назди муассисаҳои таълимӣ, муассисаҳои томактабии ноҳия, фаъолияти Ассотсиатсияҳои падару модарони назди муассисаҳои таълимӣ ва муассисаҳои таълимӣ, густариш додани ҳамкории Ҷамоатҳои шаҳраку деҳот бо муассисаҳои таълимӣ ва монанди ин дигар масъалаҳо ва ба ин васила сазовор истиқбол намудани ҷашни 31-солагии Истиқлоли давлатӣ ва оғози Соли нави таҳсили 2022-2023 дастуру супоришҳо доданд.
Дар кори машварати августии омӯзгорони ноҳия намояндагони КИ ҲХДТ дар вилояти Хатлон ва Корхонаи воҳиди давлатии “Роҳи оҳани Тоҷикистон” иштирок доштанд.
Сипас, баъди анҷоми машварати августии омӯзгорони ноҳия раиси ноҳия муҳтарам Одиназода Б.Н. бахшида ба Рӯзи кормандони соҳаи тандурустӣ, ки ҷиҳати арҷгузорӣ ба бузургтарин чеҳраи илми тибби Шарқ – Абӯалӣ ибни Сино рост меояд, суханронии пурмуҳтаво намуда, оид ба масъалаи ҳифзи солимии аҳолӣ, таъмини соњаи тандурустии ноҳия бо кадр ва мутахассисони варзидаи тиб, инчунин, фароҳам овардани шароити зарурӣ бобати таҳким бахшидан ба заминаи моддию техникии муассисаҳои тиббӣ, таъмини соҳа бо таҷҳизотҳои муосири тиббӣ, таъмину тармим, азнавсозии биноҳои муассисаҳои тиббӣ, ба роҳ мондани сохтмонҳои нав барои соҳа ва ба ин васила баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ истода гузаштанд.
Бахшида ба Рӯзи кормандони соҳаи тандурустӣ раиси ноҳия фаъолияти беҳтаринҳои соҳаи тандурустии ноҳияро бо тӯҳфаҳо қадрдонӣ баромаданд. Дар интиҳо дастаи ҳунармандони Филармонияи мардумии ба номи Одина Ҳошимов хотири иштирокчиёни чорабинирор бо суруду таронаҳои дилошўб болида гардониданд.





