Халқи тоҷик дар тӯли таърихи худ абармардони нотакрори илму фарҳангро ба дунё овардааст, ки бо осори ҷовидонаашон натанҳо баҳри рушду нумуи илму фарҳанги халқу миллати хеш хидмат намуданд, балки дар пешрафти илму фарҳанги ҷаҳон низ саҳми назаррас гузоштанд.
Яке аз чунин нобиғаҳо, ходими давлатӣ, олими намоён ва шарқшиноси шинохта, академик Бобоҷон Ғафуров мебошанд, ки умри пурбаракати хешро барои халқу ватани азизашон фидо намуда буданд. Хидмати ин шахсияти нотакрор ва ватандӯст, ки аз зумраи абармардони бонангу номуси миллати тоҷик маҳсуб мешавад, дар рушду нумуи илм, фарҳанг, сиёсат ва арзишҳои миллиамон хеле назаррас мебошад. Дар ин маврид рӯ меорем ба суханони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон: «Бобоҷон Ғафуров иқдоми ватандӯстонаи Садриддин Айниро идома дода, баробари фаъолияти хирадмандонаи давлатдорӣ, таърихи қадимаи миллаташро ба шакли як асари ҷомеъ аз замонҳои қадимтарин то рӯзҳои мо навишта, пойдевори истиқлолият ва худшиносии тоҷиконро ҷовидона сохт».
Дар ҳақиқат ҳам заҳматҳои беназир ва шоистаи ин нобиғаи нотакрор боиси ифтихори ҳар як фарди тоҷику тоҷикистонист. Академик Бобоҷон Ғафуровро ҳамчун як олими барҷастаи сатҳи ҷаҳонӣ мешинохтанду эътироф мекарданд ва \ътироф њам хоњанд кард.
Бузургтарин хидмати аллома Бобоҷон Ғафуров дар назди миллатамон ин таълифи шоҳасари оламшумул ва безаволи «Тоҷикон», ки дар навиштани он 30 соли ҳаёти пурсамару бобаракати аллома паси сар гардидааст, маҳсуб меёбад. Ин асари безаволи устод дар пешрафти илми таърихшиносии тоҷик саҳми назаррас дорад, ки саҳифаҳои торик ва фаромӯшгаштаи халқро чун офтоби дурахшон равшан намуда, дар тарбияи худшиносиву худогоҳии ҳар як фарди худогоҳу бедордил саҳми мондагор гузоштааст.
Устод Бобоҷон Ғафуров тавассути офаридани ин асари оламшумул тавонист тоҷиконро ба ҷаҳониён ҳамчун як миллати қадимтарини Осиёи Марказӣ, дорои фарҳанг ва тамаддуни бою ғанӣ, инчунин, миллати офарандаву созанда муаррифӣ намояд.
Ба ҳар хонадони кишвар тақдим шудани китоби «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуров нуктаи баланди сиёсати фарҳангдӯстонаву ватанпарваронаи Пешвои муаззами миллат, рамзи воло ва ҷамъбасти иқдомҳои неку ҳадафманди пешина мебошанд, ки тӯли си соли Истиқлоли давлатӣ дар Тоҷикистони озоди мо дар самтҳои маънавӣ: парастиши илму фарҳанг, шинохти ҳувияти миллӣ, тарбияи эҳсоси ватандӯстиву ватанпарварӣ, тарбияи завқи мардум, дастгирӣ аз интишори китоб, бозгашт ба асолати миллӣ роҳандозӣ шуда буданд.
Дар ҳошияи омӯзиши “Тоҷикон”-и Бобоҷон Ғафуров маводи хубе ҳам бо номи “Муҳорибаи кӯҳи намак” аз ҷониби олими шинохта, мудири кафедраи таърихи халқи тоҷики ДМТ Ҷонибек Асрориён дар рӯзномаи “Ҷумҳурият” аз 22 апрели соли 2022 рӯйи чоп оварда шудааст.
Сарчашмаҳо ба вуқӯъ пайвастани муҳориба ва паймоншикании Асад ибни Абдуллоҳро дар гирду ванои Кӯҳи Намак ба соли 737 мансуб медонанд. Аз ин пайкор аллома Бобоҷон Ғафуров ва ҳамлаи лашкари си ҳазорнафараи арабу мағлубияти хатлониён бо таассуф менависад. Агар хиёнат содир намешуд, муқовимати ҷавонмардон солҳо идома мекард. Манзара ё саҳнаи шигифтангез аз диловарӣ ва ватандӯстии размоварони сарзамин далелу дастак мебошад. Дар шеваи худшиносӣ ва зимни омӯзиши китоби «Тоҷикон» мо низ дар ақидаи қисман мунаққидону коршиносон қарор дорем ва бошад, ки адибону нависандагон, синамогарону коргардонҳои ватандӯсту худшиносамон ситоиши зумраи номоваронро ба имрӯзиён дар китобу филмномаҳои худ рӯи чоп ва навор биёранд. Ва устод Ҷонибек Асрориён дуруст ҳам ишора намуданд, ки саҳнаи хотирмоне хоҳад буд барои филмномаҳои таърихӣ. То ҳар фарди ватандор аз дину диёнат ва фаросату хиёнати араби биёбонгарди он рӯзгор воқиф бишавад.
Ва овардаанд, ки Кӯҳи Намак дар давоми мавҷудияти худ ҳаводис ва воқеоти зиёдеро шоҳид аст. Агар Кӯҳи Намак ба забон меомад, аз ғорату ғасби минтақа аз ҷониби арабҳо бароямон қисса мекард. Дар миён шаммае аз ин ҳаводисро сарчашмаҳои хаттӣ ва фарзандони бонангу нанг дар навиштаҳои худ барои огоҳӣ ва зиракии мо то имрӯз нигоҳ доштаанд.
Вақте ки асноди таърихӣ ва осори то ба имрӯз расидаи бостоншиносиро варақгардон намуда, меомӯзем, ин водорамон месозад, ки аз таъриху гузаштаи пурифтихори халқи ботамкину ҳамзамон ҷасоратманду ғаюрамон бинозему ифтихор кунем.
Чуноне араб қисматҳои афзуни Варорӯдро фатҳ кард, вале аспи ғазабаш дар гили Хатлон фурӯ монда буд. Бино ба маълумоти ал-Балозурӣ ҳамлаи нахустини арабҳо ба Хатлон соли 676 бо сарварии Саъид ибни Усмон ва дувумаш соли 696 ба василаи Умая ибни Абдуллоҳ ба вуқӯъ пайваста буд. Арабҳо, ки мисли тӯфон ва сел ҳар чи сари роҳ буд, мерӯфтанду хароб мекарданд ва бо лашкари сершумор Шому Байнаннаҳрайн ва Эронро ғорат намуда буданд, дар Хатлон ночор монданд. Пас аз омодагиҳои комил, баъди си сол боз ба Хатлон ҳуҷум оварданд ва ин бор низ шикаст хӯрданд.
Ҳуҷуми сеюм дар зимистон, ҳангоми пароканда шудани лашкари хоқон ва тоҷикон ғайричашмдошт сар шуд. Асад ғаниматҳои худро аз хоқон баргардонида гирифт. Хоқон гурехта ба Туркистон рафт. Асад боз ба Хатлон ҳуҷум намуд ва баъди шикасти сеюмбора аз дарёи Панҷ гузашта, ба самти Кўҳи Намак (Хоҷамуъмин) ҳаракат кард. Дар муҳорибаҳои нахустин аз ҳуҷуми сипоҳи Бадри Тархун талафот дода, ба самти Кўњи Намак ақиб нишаст. Воқеан, дар назди Чӯбак ва Сайёд гузаргоҳе буд ва шоҳони Хатлон дар ҳар ду соҳил қасрҳои худро доштанд.
Хоқон Асадро дунболагирӣ кард. Дар мавзеи Хористон байни онҳо задухӯрди сахт ба амал меояд. Ғайричашмдошт арабҳо лашкари хоқонро торумор карданд. Хоқони турк рӯ ба гурез ниҳода, ба ватанаш Ҳафтрӯд рафт. Пас аз ин Асад ба Хуттал ворид шуда, қалъаи шоҳи он Бадр Тархунро муҳосира кард. Шоҳи Хатлон Бадри Тархун барои пеши роҳи хунрезиро гирифтан сулҳ пешниҳод кард, аммо Асад ӯро ба меҳмонӣ хонда, хоинона ба қатл расонд ва Хатлонро бори сеюм ғорат намуд. Вале дар муқобили лашкари панҷоҳҳазораи шоҳи Хатлон Шоҳбол ва иттифоқчиёнаш напоист ва комилан торумор шуд. Тасвири ҳолат бори дигар амали арабҳои ғаниматҷӯро намоиш дод. Асад, ки молики дижи Зағаранг шуда буд, амволу гӯсафанди зиёд гирд овард ҳирсаш меафзуд. Дар миён волии Хатлон ибни Соиҷӣ бо сипоҳи муттаҳида омода шуданд ва пас аз 17 рӯз бо арабҳо ба ҷанг пардохтанд. Асади ҳарис бо ғаниматҳо шикасти сахт хӯрд.
Ҳамин тариқ, хутталиёни далеру ҷасур қариб 60 сол бар зидди арабҳо мардонавор ҷангида, сарзамини худро дифоъ карданд.
Мардуми Балх шеъри тамасхӯромезе гуфтанд ба порсӣ:
Аз Хуталон омадия,
Ба рў табоҳ омадия,
Обор боз омадия,
Хушку низор омадия.
Манзур аз ёдоварии пайкорҳо бар зидди таҷовузкорон ва шеърҳои сурудаи дар боло овардашуда ин донистани саҳифаҳои дурахшони миллати тоҷик аст, ки дар тарбияи ватанпарастӣ ва худшиносии аъзои ҷомеа, хосса ҷавонон, саҳми муносиб дорад.
Дар ин нашр бо истифода аз маъхазҳои таърихӣ ва китоби бебаҳои “Тоҷикон”-и Бобоҷон Ғафуров то ҷое тавонистем, ба шумо, хонандаи гиромӣ, чанд маълумотеро оид ба фаъолияти ходими давлатӣ, олими намоён ва шарқшиноси шинохта, академик Бобоҷон Ғафуров, шоҳасари ӯ «Тоҷикон» ва пораеро аз қисмати “Мӯҳорибаи Хатлонзамин бар зидди истилогарон” , ки дар он сухан аз воқеоти дар Кӯҳи Намак ба вуқӯъ омада меравад, ёдрас шуда, ба шумо расонем.
Фикр мекунам, ки тақдими «Тоҷикон» ба ҳар як оилаи тоҷику тоҷикистонӣ армуғони пурарзише буда, мушкилоти норасоии ин китоби нодирро осон хоҳад кард.
Иқдоми наҷибонаи Пешвои миллат вобаста ба нашри теъдоди зиёди китоби «Тоҷикон» ва тақдими он ба ҳар як хонаводаи тоҷик дар ин давра як рӯйдоди муњиме дар саҳифаи таърихи халқи тоҷик мебошад.
Таҳияи Илёсиддин Набиев
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай