Мусоҳиба оиди як масъалаи доғи рўз
бо сархатиби Масҷиди марказии
ноҳия Иброҳим Маҳмудов
Домуллои муҳтарам, вақтҳои охир масъалаи худсўзию худкўшӣ дар байни занону духтарон ва дигар нафарони ҷомеа афзуда истодааст, дар ин бора, аз нигоҳи дини мубини ислом, шумо чӣ андеша доред?
Ба номи Худованди бахшояндаи меҳрубон, дуруд ба ҳамаи пайғамбарон, ва боз ба Пайғамбари охири замон.
Мавзўе, ки ишора шуд аз назари дин, яъне Қуръону суннат худкўшиву худсўзиро сахт маҳкум мекунад ва ҳатто шахсе, ки муртакиби он мегардад, ҳукмашро содир мекунад. Яъне, амали бисёр нангин аст. Барои исботи ин гуфтаҳо мехоҳам ояҳо аз Қуръони карим ва аҳодиси Пайғамбар ва қавми муҳаддисину муфассирин ёдовар шавем. Худованди бузург дар Қуръон мефармояд: “ Валол тақтулу анфусакум иналлоҳа кона бикум раҳимо”. Яъне: худкўшӣ накунед, ҳамоно Худованд ба шумо меҳрубон аст. Дар давоми оя бошад, вақте шахс, ки муртакиби он гашт, ҳукмашро содир мекунад: “Ва ман яфъа золика ъудвонав ва зулман фасавфа нусриҳи нор ва кона золика аллалоҳи ясиро”. Яъне: Шахсе, ки ин амалро аз рўи душманӣ ва аз рўи мушкилӣ ба ҷо меорад, пас зуд аст, ки ўро Худованд ба азоби дузах мубтало мегардонад.. Ва ин бар Худованд осон аст. Аз ин хотир ҳукми сахтро содир кардаанд, зеро он бандае, ки ин амалро ба анҷом мерасонад, ношукрӣ бар неъмати Худованд мекунад. Пайғамбари Худо дар ҳадисҳои бокарамашон, аз ҷумла дар ин ҳадис мефармояд: “ Ё аюҳа нос иёкум ва зулма фаина зумла мин зулмоти”. Яъне, Эй мардум, худкўши накунед, пас ба дурустии ин ки ҳар касе худкўшӣ мекунад, фардо дар рўзи қиёмат ба оташи дўзах гирифтор шуда, доиман дар азоб боқӣ мемонад.
Шумо ба занону духтарон ва дигарон баҳри такрор нашудани ин корҳои берун аз оини ислом чӣ гуфтанӣ ҳастед?
Ба қавли донишмандон ва муфассирони аҳодиси Пайғамбар (с) ҳам шахсеро, ки чунин амал кардааст, намози ҷанозааш хонда намешавад. Аз ин бармеояд, ки инсон дар ҳама мушкилот бояд бо сабру таҳаммул бошанд. Ҳар як чизеро, ки Худованд бар бандааш медиҳад, навъи неъмат аст. Зиндагонӣ ҳам аз ҷумлаи онҳост, аммо мову шумо набояд фаромўш кунем, ки Худованд аз неъматҳояш бандаро пурсиш мекунад. “ Сумм алатсална явма изин ъанин нъаин”. Яъне, “ Баъд аз он дар рўзи ќиёмат бандагонашро аз ҳамаи он неъматҳое, ки додааст, мепурсад. Ё дар дигар ояти карима мефармояд: “ Аламнаҷъалаҳу ъайнайни валисонав ва шафатайни ва ҳадайноҳун наҷдаин”. Яъне: “ Ай бандагони ман, оё аз барои Шумо надодам, ду чашмҳо ва забонро ва барои раҳнамоӣ нафиристодам пайғамбаронро”. Ин ишора бар ин аст, ки дар ҳамаи кор бояд андеша дошта бошем. Қадрдонӣ бар неъматҳои Худованд дошта бошем. Бинобарин моро мебояд, ки роҳи осони халосиро дар ин амал набинем. Бузургон мефармоянд:
Шукр мебояд бар доди Худо,
Сабр мебояд бар ҳар як бало.
Домуллои муҳтарам, барои ба саволҳо посух гуфтану изҳори андешаҳо ба шумо ташаккур баён мекунем.
Ба шумо ҳам ташаккур.
Мусоҳиб Қувватзода Ҷ.З.