Дар мактаби №1 ( диретораш Салимов Бароталӣ) рафти таъмири муассиса мувофиқи мақсад нест. Қисми берунаи мактаб то 24 август таъмир карда нашудааст.
Дохили муассиса ва синфхонаҳо ба қадри ҳол таъмир шудаанд. Майдончаи варзишии ноҳия ҳоли хуб надорад, гўё касе ҳафтаҳо ба ин ҷо наомада бошад. Ба гуфти роҳбарияти муассиса китобҳои дарсӣ мерасанд. Обуна ба рўзномаи ноҳиявӣ иҷро гардидааст. Имсол, яъне соли таҳсили 2021-22 ду нафар шогирди муассиса ба озмуни ҷумҳуриявӣ роҳхат гирифтаанд, вале натиҷа ба даст наёварданд.
Дар саҳни ҳавлии муассиса пайкараи Қаҳрамони Тоҷикистон Устод Садриддин Айни гузошта шудааст, вале гирду атрофи он чанд вақт рўйи тозагиро надидааст.
Дар заминҳои гирду атрофи муассиса кишти зироатҳои кишоварзӣ гузаронида нашудааст. Омодагӣ ба давраи тирамоҳу зимистони дар пеш истода низ беҳбудӣ мехоҳад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай
© 2018 - МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ МИР САИД АЛИИ ҲАМАДОНӢ