Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

Хабарҳо - Шогирди муассиса соҳиби ҷойи 2-юм

   Рафти омодаги  ба соли нави  хониш  дар муассисаи  таҳсилоти миёнаи умумии  №31 хуб аст.

     Соли равон ду синфхонаи иловагӣ  бунёд карда шудааст. Тавре  директори   муассиса  Ҷамшед Назаров  зикр кард, дар муассиса  27 нафар  омўзгор  ба 380 нафар хонанда  дарс медиҳанд  ва дар соли хониши  нав 31 нафар ба синфи 1-ум  қабул карда  шудааст. Алҳол  ду мутахассиси  ҷавон  аз фанҳои забони англисӣ ва  забону адабиёти  тоҷик  ба кор омадаанд. Таъмири муассиса  қариб ба анҷом  расидааст. Соати 10 –ву 20 дақиқа  вақте  ки мо  дар муассисаи  номбурда будем,  аксари омўзгорон  дар ҷойи кор  ҳозир буданд. Китобҳои дарсӣ  ба гуфти  китобдори  муассиса мерасанд. Ҷиҳати  омодагӣ  ба давраи  тирамоҳу  зимистон  қадре ҳезум захира кардаанд  ва барои хариди  ангишту  сўзишвории  дизелӣ   маблағ  ҷудо карда  шудааст.

     Дар  озмуни  вилоятии “Донояк”  шогирди  омўзгори  муассиса  И. Миразоров  соҳиби ҷойи 2-юм  гаштааст.

image
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

image
Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай

Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай