Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

Хабарҳо - Вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистону Қирғизистон вазъи марзро баррасӣ карданд

 

Вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин ва Жээнбек Кулубаев вазъ дар марзро баррасӣ карданд.

Як манбаъ аз ВКХ ба “Asia-Plus” иттилоъ дод, ки чанде пештар вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин ва ҳамтои қирғизаш Жээнбек Кулубаев сӯҳбати телефонӣ доштанд ва вазъ дар марзро баррасӣ карданд.

Расонаҳои Қирғизистон ҳам аз сӯҳбати телефонии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистону Қирғизистон хабар медиҳанд.

Хабаргузории “24kg” менависад, ки ҷониби Қирғизистон бори дигар зарурати ҳалли мушкилоти марзӣ бо роҳи сиёсӣ-дипломатиро таъкид намудааст.

t.me/asiaplustj

image
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

image
Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай

Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай