Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

Хабарҳо - САРЗАМИНИ ТОҶИКИСТОН МУҚАДДАС АСТ.

           Аз қадимулайём ду миллати бо ҳам дўсту наздик дар паҳлўи якдигар зиндагию кор карда, дасти меҳру муҳаббат сўйи якдигар дароз мекарданд.  Рафтуомаду меҳмоннавозии якдигар дар арши аъло буд. Пас имрўз чӣ омиле сабаб шуд, ки онҳо чанг ба гиребони якдигар андохтанд. Ҳамсояҳои азизу гиромӣ, мо як бор зарбаи ҷонкоҳи ҷангро дар мамлакати акнун озодгашаамон дидем. Талхиашро чашидем. Дигар намехоҳем, ки дар мамлакати биҳиштосои мо садои тир баланд шавад. Ва имрўз мароми мо, мақсади мо сулҳу амонист. Сарвари давлати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кадомин гўшаи олам, ки баромад кунад, суханро аввал аз сулҳу осоиш, якдигарфаҳмӣ ва меҳру муҳаббати байни халқҳо оғоз мекунад.  Ҳамин аст, ки тамоми мардуми сайёра номи Президенти  Тоҷикистонро  ҳамчун Сарвари сулҳхоҳу сулҳовар- мунодии сулҳ  ба забон меоранд. Мо хуб эҳсос мекунем, ки  муноқишаҳои байни марзӣ кори он душманоне мебошанд, ки ормию осудагии  байни ин ҳамсояҳоро дида наметавонанд.   Аз ин рў, ба фикри ҳама ин муноқишаҳои ҳамсоягӣ танҳо бо роҳи дипломатӣ ҳалли худро меёбанд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо оиди дар сатҳи дипломатӣ, бо роҳи осоишта ҳал намудани муноқишаҳо масъала ба миён гузошт. Аммо чи тавре, ки дида истодаем, афсарону аскарони қирғиз ҳеҷ нафаҳмида истодаанд. Акнун ҷавонмардони ғаюру бебоки тоҷик ба ин дасисаҳои марзбонони қирғиз амалан ҷавоб мегардонанд.

        Шукр аз Президенти мамлакат, Сарфармондеҳи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки базаи техникӣ-мудофиавии Ватанамон басе мустаҳкам аст. Метавонем дар ҳар лаҳза ба иғвогариҳои қирғизҳо ҷавоби муносиб диҳем. Намегузорем, ки ба як ваҷаб хоки муқаддаси  Ватанамони мо пойи номуборакашонро гузоранд. Хоки Тоҷкистони азиз барои ҳар як фарди он муқаддас аст, Пас муқаддасотро  бо ивази ҷон ҳам бошад, ҳифз мекунем.

                         Абдуҳалим Салимзода.   

                                                                                                       

image
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

image
Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай

Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай