Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

Хабарҳо - Боздиди Марказҳо

                                      МАРКАЗИ  ДАҲОНПИЗИШК

        Имрўз  тибқи  нақшаи корӣ  муовини раиси ноҳия  муҳтарам Ҳусния Исҳоқӣ  аз як чанд  марказҳои  назди  беморхонаи  марказии  ноҳия  дидан  намуда, аз ҳолати кор, риояи талаботҳои кодекси  меҳнат, сатҳи  хизматрасонӣ  ба  аҳолӣ ва ғайра аз наздик шинос  шуданд. Директори  маркази Даҳонпизишк Илҳомҷон Маҳмуродов бо 23 нафар корманд кору фаъолият намуда,  ба аҳолӣ хизмат мерасонанд.  Зимни санҷиши утоқҳои кории марказ як чанд  мушкилот аз ҷумла, ҳолатҳои санитарию гигенӣ, тозагии утоқҳо,  истифодаи  яккаратаи асбобҳо ва вазъи обуна  ба рўзномаи ноҳиявии “Навиди Ҳамадонӣ” мавриди баррасӣ қарор дода  шуда,  барои рафъи  ин ҳолатҳо ба  масъулини Беморхона  ва директори  марказ муҳлати муайян дода  шуд.

 

                              МАРКАЗИ ЗИДДИ БЕМОРИҲОИ СИЛ

Зимни боздид аз утоқҳои кории марказ муайян гардид, ки  кормандони  он ҷиҳати  пешгирӣ ва ҳифзи саломатии худ  ва мизоҷонашон тадбирҳои зарурӣ меандешанд. Ба иҷрокунандаи вазифаи директори марказ Амирҳамза Кокулов ва роҳбарияти Беморхонаи  марказии ноҳия супорида  шуд, ки барои ҷиҳати  риояи қоидаҳои санитариюгигенӣ зимни қабули мизоҷон дар марказ  чораҳои амалӣ  андешанд. Дар марказ 28 нафар мутахассисон кору фаъолият  намуда, ба  беморон хизмат  мерасонанд.  Дар  марказ 69 нафар  беморон бақайд гирифта шудааст, ки  нисбат  ба ҳамин  давраи  соли ҷорӣ 1 нафар  зиёд  мебошад. Рафти  табобати  беморон ва  таъмини  доруворӣ  дар  сатҳи  зарурӣ  ба  роҳ монда  шуда, таҳти  назорати мутахассисон қарор дорад. Аз  тарафи  мутахассисон се  нуқтаи осебпазири  ин  беморӣ (Ҷамоатҳои шаҳраки Москва, Меҳнатобод ва Даштигуло) ошкор  муайян  гардидааст, ки  инро аз  камфаъолиятӣ  ва  бемасъулиятии бунгоҳҳои тиббӣ, марказҳои саломатӣ ва табибони  минтақавии ин Ҷамоатҳо  маънидод  намуда,  иброз доштанд, ки корҳои  хонагаштак, таблиғоту  ташвиқот ва  ҷониби  онҳо  дуруст ташкил  намегардад.Муовини  раиси ноҳия муҳтарам Ҳусния Исҳоқӣ барои ҷоннок намудани корҳои  таблиғотию ташвиқотӣ дар Ҷамаотҳои зикршуда ва миёни хонандагони муассисаҳои таълимӣ,  ошкор   ва саривақт  ба  табобат фаро  гирифтани беморони сил   ба  масъулин  дастуру  супоришҳои  муфид  доданд.

 

  МАРКАЗИ БЕМОРИҲОИ ПУСТ ВА СИРОЯТКУНАНДАИ ҶИНСӢ

Дар  марказ  13 нафар мутахассисон  кору фаъолият  намуда,  директораш табиб Дилшод Валиев мебошад. Масъулини марказ  иброз  доштанд, ки  баќайдгирӣ  ва ошкор намудани  беморон, ба  табобат фаро гирифтану таҳти назорат қарор додштани онҳо, ҳолатҳои  риоя  намудани қоидаҳои  бењдоштию оммафаҳмонӣ аз ҷониби  мутахассисони марказ  хамарӯза  ба  роҳ монда  шудааст. Утоқҳои  марказ  ба  таъмири капиталӣ  ниёз  дошта,  инчунин, таҷҳизотҳои зарурӣ  низ  намерасанд.   Табибон таъкид  доштанд, ки  имрўзҳо  дар аксар  шаҳру  навоҳии мамлакат бемории “хуришак” пайдо  гардидааст, ки  барои мубтало  нагардидан  ба  он шаҳрвандонро зарур аст  зуд-зуд либосҳояшонро иваз намудаву баданашоро бо  оби гарм бишуянд. Мувини раиси ноҳия  барои  пурзур   намудани фаъолият, беҳтар гардидани хизматрасонӣ ба аҳолӣ ва  бартараф  намудани  камбудиҳои ҷойи дошта ба  роҳбарияти Беморхона ва маркази зикршуда дастуру  супоришҳо доданд.

  

                  МАРКАЗИ  ТАШАККУЛИ  ТАРЗИ  ҲАЁТИ  СОЛИМ

       Дар маркази  ташаккули  тарзи ҳаёти солим 14 нафар мутахассисон  кору  фаъолият  намуда, корҳои  таблиғотию ташвиқотӣ дар байни аҳолӣ  оид ба  пешгирии бемориҳои  гуногун гузаронида  мешавад. Директори  марказ Назрӣ Алиев иброз  медорад, ки  дар  нуҳмоҳаи  соли ҷорӣ дар рўзномаи  ноҳиявии “Навиди Ҳамадонӣ” ва  рӯзномаи  назди колеҷи  тиббӣ “Табиби Ҳамадон”  13 мақола  оид  ба  бемориҳои  гуногун ба  нашр  расонидаанд. Инчунин,  аз  тарафи  мутахассисон  гардиши хонаҳо, корҳои фаҳмондадиҳӣ  аз ҷумла 30-лексия, 67-семинар, 3-аксия ва 9406 суҳбат баргузор  шудааст.  Барои  ҷоннок  намудани корҳо, ташкили аксияҳо, тақсимоти буклету варақаҳои ташвиқотӣ  ба  мутахассисони  марказ  аз  тарафи  муовини  раиси  ноҳия дастуру  супоришҳои судманд  дода  шуд.

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

image
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

image
Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай

Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай