Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

Хабарҳо - Аёдати волидайни шаҳидони дар роҳи ҳифзи Ватан ҷонбохта

 

     Дирӯз  роҳбарияти  Раёсати кор  бо занон  ва оилаи вилояти Хатлон Раъно Раҳимзода ҳамроҳи муовини раиси ноҳия  Ҳусния Исоқӣ  ба аёдати волидайни  шаҳидони  муноқишаҳои сарҳадӣ  Рӯзиев Ибодулло Неъматуллоевич  аз деҳаи  Дустии  ҷ/д  Меҳнатобод, Баротов  Муҳамад   сафармадович  аз деҳаи Меҳрвари ҷ/д Чубек  муҳорибаҳои   дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон   рӯйдода рафта, изҳори тасаллият  намуда, кумаки раиси вилояти Хатлон муҳтарам Қурбон Ҳакимзодаро  ба маблағи 10 ҳазор сомонӣ  ва номаи Сипос  ба онҳо расониданд. Мавриди ёдоварист, ки  кори неку номи нек ва қаҳрамониву диловарии   фарзандони вафодори Ватан ҳамеша аз ҷониби Роҳбари давлати Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси вилоят ва раиси ноҳия  қадрдонӣ  карда  мешавад.

 

 

image
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

image
Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай

Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай