Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

Хабарҳо - Суръати пахтачинӣ суст

    Кишоварзони хоҷагиҳои деҳқонии ҷамоатҳои деҳоти ноҳия ба  ғунучини дастранҷи  парваришнамудаи худ машғуланд. Ҳар  рӯз 2600-2800 нафар чинакчиёни чобукдаст ба саҳро баромада, баҳри ҷамъоварии “тиллои сафед” аҳлона заҳмат мекашанд.

     Маълумотҳои пешниҳоднамудаи  Идораи кишоварзӣ дар чанд рӯзи охир бозгӯи  он аст, ки дар баъзе ҷамоатҳо суръати пахтачинӣ хеле суст пеш меравад. Рўзи гузашта  дар ноҳия  ба қадри 152,55 тонна,ё 1,1 фоиз, аз аввали мавсим 5042 тонна, ё ба андозаи  36,7 фисад пахта ҷамъоварӣ шудааст.

      Рафти чиниши пахта  дар хоҷагиҳои деҳқонии ҷамоатҳои деҳоти “Қаҳрамон”, Чубек, ба номи  Турдиев  суст ҷараён дорад. Ҷамоатҳои  номбурда  дина ба қадри 0,2-0,8 фисадӣ “тиллои  сафед”  ғундоштаанд, ки ин хеле кам буда, ноҳияро байни дигар ноҳияҳои вилоят  ба қафо мекашанд. Ба раисони Ҷамоатҳои номбурда зарур  аст, ки аз ҳар як фурсати муносиб самарабахш истифода бурда,  суръати пахтачиниро  тезонанд ва дар иҷрои  Дурнамои истеҳсоли пахтаи ноҳия саҳм гузоранд.

 

 

image
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

image
Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай

Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай