Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

Хабарҳо - ШАРҲИ ҚОНУНҲО

     Имрӯз дар маҷлисгоҳи шуъбаи маорифи ноҳия бо иштироки Прокурори шуъбаи назорати иҷрои  қонун оид ба  ноболиғон ва ҷавонони Прокуратураи вилояти Хатлон Амирзода Абдулло Олимбек, ёрдамчии Прокурори ноњия Одиназода Умед мулоқот бо кормандони шуъбаи маориф, директорони мактабҳо ва кадрҳои ҷавоне, ки ба кор қабул гардидаанд баргузор гардид. Сараввал мудири шуъбаи маорифи ноҳия Ѓоибзода Насимҷон меҳмононро  муаррифї  намуда, суханро  ба  онњо  дод. Сипас, Амирзода А.О, оид ба мавзуъҳои “Пешгирии таъсири хурофотпарастӣ ба  шуури ҷавонон ва баланд бардоштани  сатҳи ҷаҳонбинӣ ва њушёрии сиёсии ҷавонон” баромад намуда қайд  карданд, ки масъалаи пайвастани ҷавонон тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ ба гурӯҳҳои ифротиву террористӣ солҳои охир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ба мушоҳида мерасад, ки барои пешгирии чунин раванд андешидани тадбирҳои огоҳона бамаврид ва саривақтӣ аст.  Бахусус, дар раванди ҷаҳонишавӣ ва бархӯрди тамаддунҳо барои давлатҳое, ки фарҳангу одат ва арзишҳои ахлоқии миллии худро доранд, шабакаҳои иҷтимоӣ омиле мегарданд, ки ба ин арзишҳо ҳар гуна таҳдидҳо ба вуҷуд оянд. Агар ҷомеаҳои соҳибтамаддун ва дорои ахлоқи бузурги миллӣ дар асрҳои гузашта, ин арзишоти бузурги худро тавассути марзҳои заминӣ аз ҳар гуна таҳдидҳо эмин нигоҳ медоштанд. Пас гуфтан мумкин аст, ки дар шароити муосир фазои маҷозӣ ва таъсири он ҳамчун равандҳои нави хурофотпарастӣ ба  шуури ҷавонон  ба ин гуна арзишҳо ҳамчун таҳдид шинохта мешавад.

          Бо ин мақсад Фармони  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  аз 1 июни соли 2021 дар  бораи  “ Стратегияи  миллии Ҷумҳурии  Тоҷикистон  оид ба муқовимат  ба терроризм  ва экстремизм  барои солҳои  2021-2026” таҳия ва   қабул гардид, ки  дар он вазифаҳои  ҳар як  мақомоти   давлатї дар  самти мубориза  бар зидди ин  зуҳуроти хатарноки номатлуб  мушаххас  дарҷ гардидааст. Мавсуф ҳамчунин, шарҳи қонуни ҶТ “Дар  бораи масъулияти падару  модар дар  таълиму  тарбияи фарзанд”-ро вобаста  ба  таълиму  тарбия дар муассисаҳои  таълимӣ баён  дошта, аз натиҷаҳои корҳо ва қонуншиканиҳо  дар ин самт ба ҳозирин маълумот дод.    

           Дар интиҳои чорабинї иштирокчиён ба прокурори вилояти Хатлон,  Амирзода Абдулло Олимбек  саволҳои худро пешниҳод намуда, ҷавобҳои қаноатбахш гирифтанд.

 

 

 

image
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

image
Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай

Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай