Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

Хабарҳо - ТАҶЛИЛИ “РӮЗИ РӮДАКӢ”

           Дар ҳошияи дастуру супоришҳои  раиси ноҳия муҳтарам Одиназода Бозоралӣ  Неъмат  имрӯз  дар ҳамаи муассисаҳои таълимӣ ва ташкилоту  муассисаҳои ноҳиявӣ  таҷлили “Рӯзи Рӯдакӣ” баргузор шуд. Мавриди  қайд аст, ки дар  муассисаи таълимии миёнаи умумии №2-и ноҳия чорабинии тантанавӣ бахшида ба  ин  рӯз басо хотирмон доир шуд. Нахуст, мудири  шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва  робита  бо ҷомеаи  дастгоҳи  раиси ноҳия Зафархон Қиматов  ба  сухан  баромада, иштирокиёнро аз номи роҳбарияти  ноҳия  табрику  муборакбод  гуфта, иброз доштанд, ки дар  замони  соҳибистиқлолӣ бо дастгирӣ ва  ҳидоятҳои пайвастаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мо чеҳраҳои  мондагори  илму фарҳанги худро эҳё, таҷрибаву  мероси онҳоро ба ҷаҳониён муаррифӣ  ва осори пурғановати  онҳоро дар кору  ҳаёти ҳаррӯзаамон истифода намудаву, ба  насли  наврас омӯзонда  истодаем.  Хонандагону устодони муассиаҳои  таълимии ноҳия  бо тиловати шеърҳову баромадҳо дар васфи шоири нотакрор Абуабдӯллоҳ Рӯдакӣ  хотири иштирокчиёни  чорабиниро  шод  намуданд. Ҳамчунин, бо  пешниҳоди саҳначаи  ҷолибу тарбиявӣ аз рӯзгори устод Рӯдакӣ  бори дигар  нақш ва осори пурғановати ӯро ба  аҳли нишаст маънидод намуданд.  Дар  интиҳо  аз ҷониби хунармандони  бахши фарҳанги  ноҳия суруду таронаҳо  аз эҷодиёти одамушшуаро, устод Абуабдӯллоҳ Рӯдакӣ  пешниҳоди ҳозирин гардонида  шуд.

image
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

image
Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай

Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай