Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

Хабарҳо - Ҷамъомади назоратии назди раиси ноҳия

Ҷамъомади назоратии назди раиси ноҳия

     Ҷамъомади  навбатии назоратии назди раиси  ноҳия , ки рӯзи 26 сентябр доир гардид, як зумра  масъалаҳои  мубрами рӯзро  мавриди  баррасии ҷиддӣ  қарор дод.  

 Ҷамъоварии  маблағҳои  андоз барои  моҳи   сентябр  ва иҷрои нақшаи  нуҳмоҳа  масъалаи  аввали  рӯзнома  буд  ва раиси ноҳия  муҳтарам  Бозоралӣ  Одиназода  ба масъулини  соҳа Орифзода М., Ҳукматов Р.,  Расулзода Қ. ҷиҳати  иҷроиши нақшаи андози моҳи сентябр ва нуҳмоҳа дастуру супоришҳои   мушаххас дод.

    Рафти ҷамъоварии  ҳосили пахта ва пешниҳоди аниқи маълумоти ҳаррӯза;  рафти супоридани пахта ба корхонаҳо;  кишти пиёзи  барвақтӣ; тоза  намудани  заминҳо  барои кишти ғалла;  ҳолати  фермаю кашарҳои чорвои калону майда  ва бозгашти чорво аз чарогоҳҳои мавсимӣ;  маълумот дар  бораи захираи хӯрока дар хонаҳои шаҳрвандон; омодагии ташкилоту  муассисаҳо ба давраи  зимистонгузаронии  солҳои 2022-2023;  иљрои бандҳои  нақшаи чорабиниҳо оиди дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки рӯзи 24 феврали соли ҷорӣ ба фаъолони вилоят  дода шуданд;  пешниҳоди маълумотҳои омории соҳаҳои  мухталифи ноҳия- соҳаҳои кишоварзию саноатӣ дар 9-моҳи соли ҷорӣ аз масъалаҳои дигари  ҷамъомад буданд, ки раиси ноҳия доири иҷроиши корҳо  аз масъулин талаб кард, ки  маълумотҳои  дақиқ  пешниҳод намоянд.

    Масъалаҳои  дигари рӯзнома, аз қабили пешниҳоди маълумот оиди иҷрои бандҳои Барномаҳои давлатӣ ва барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳия  дар 9 моҳи  соли ҷорӣ; пешниҳоди маълумот доири вазъи баррасии муроҷиатҳои  шаҳрвандон  дар бахшу шуъбаҳои МИҲД-и   ноҳия ва ҷамоатҳои  шаҳраку деҳот; ҳолати баррасии қарорҳо ва мактубҳои  аз мақомотҳои болоӣ  воридгардида дар 9-моҳи соли ҷорӣ;  омодагии ҳаматарафа  ба баргузории  иҷлосияи 13-уми Маҷлиси  вакилони халқи ноҳия; омодагии ҷиддӣ  ба сафарбарсозии  ҷавонони  синни даъватӣ  ба хизмати ҳарбӣ,  иҷрои нақшаи  обуна ба рӯзномаҳои ҳизбӣ, рӯзномаю  маҷаллаҳои  даврии  ноҳиявӣ,  вилоятӣ,  ҷумҳуриявӣ  низ ҳаматарафа  муҳокима  гардида, Раиси ноҳия ба нафарони масъул дастуру тавсияҳо  доданд, ки баҳри иҷроиши  корҳо чораҳои зарурӣ  андешида, маълумотҳои дақиқ  пешниҳод  намоянд.

 

 

 

image
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

image
Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай

Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай