Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

Хабарҳо - Ғунучини пахта вусъати тоза мехоҳад

      Дар хоҷагиҳои  деҳқонии Ҷамоатҳои  ноҳия ҷамъоварии  пахта идома дорад. Чинакчиёни чобукдаст ҳар руз ба саҳро баромада, ҳосили ба арқи ҷабин  парваришнамудаи  худро ҷамъ  оварда истодаанд.

     Дина заркорони  қавииродаи ноҳия  181,5 тонна ё ба қадри 1,3 фоизи нақша “тиллои  сафед” ғундоштанд. Хирмани оростаи  кишоварзони ноҳия ба  6320,9 тонна расд, ки баробари 46 фисади дурнамо мебошад. Аз маълумоти  раёсати  кишоварзӣ  бармеояд, ки  рафти чиниши пахта дар хоҷагиҳои деҳқонии ҷамоатҳои ба номи Турдиев ва Қаҳрамон  ниҳоят суст пеш меравад. Дар ҷамоатҳои зикршуда чиниши пахта  ғайриқаноатбахш  буда, дируз  ин ҷамоатҳо  ба қадри  0,5-0,9 фоиз пахта  чиданд, ки аз ҳисоби миёнаи ноҳия  хеле паст аст.

     Ба раиси Ҷамоатҳои  номбурда  зарур аст, ки суръати пахтачиниро тезонида, дар оростани хирмани 13700 тоннагии ноҳия ҳисси худро гузоранд.

 

image
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

image
Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай

Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай