Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

Хабарҳо - Роҳҳо – васлгари дилҳо

            Бо дастгирӣ  ва таваҷҷуҳи бевоситаи  раиси ноҳия муҳтарам Бозоралӣ Одиназода  Муассисаи  давлатии “Нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди ноҳия” дар давоми нуҳ моҳи  соли 2022 як  қатор   корҳои муҳимро ҷиҳати   таъмиру тармими роҳҳо ба ҷо оварданд. Идораи роҳсозӣ дар мувозинаи худ 215,525 километр роҳҳои  нақлиётгардро ба уҳда дорад.

    Дар давоми нуҳ моҳ кормандони  муассиса ба маблағи 706 900 сомонӣ корҳои таъмиру нигоҳдориро  ба сомон  расонидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 63300 сомонӣ зиёд аст.

       Ҳамин сол, яъне дар давраи январ- сентябр роҳи байни даромадгоҳи ноҳия то шаҳраки Москва дар масофаи 13,2км  бо маблағи 6949800 сомонӣ ва роҳи маҳаллии байни Меҳнатобод- Гулистон бо дарозии 3,37км аз тарафи соҳибкорони махаллӣ ва Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо маблағи 2916215 сомонӣ бо муми пухта   таъмири асосӣ  карда  шуд.

 

image
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

image
Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай

Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай