Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

Хабарҳо - Баргузории Иҷлосияи сенздаҳум

                         

     Имрӯз  дар толори Мақомоти иҷроияи  ҳокимияти давлатии ноҳия  Иҷлосияи сенздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи ноҳия, даъвати шашум баргузор гардида, масъалаҳои зеринро мавриди баррасӣ қарор дод:

1) Рафти иҷрои қарори раиси ноҳия аз 11 январи соли 2021, №19 “ Дар бораи қарори раиси вилояти Хатлон аз 27 ноябри соли 2020, №321 “ Дар бораи тасдиқи нақшаи чорабиниҳо оид ба тадбиқи Стратегияи  миллии  рушди маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон  барои давраи то соли 2030” дар ноҳия.

2)  Ҳисоботи  Комиссияи  доимии Маҷлиси вакилони халқи ноҳия оид ба масъалаҳои аграрӣ, озуқа, беҳдошти  замин  ва обёрӣ, идораи замин, ҷангал  ва ҳифзи  муҳити зист дар бораи рафти иҷрои қарори  раиси ноҳия аз 13 апрели соли  2021, №397 “ Оид ба қарори раиси вилояти Хатлон аз 26 феврали соли 2021, №48 “ Дар бораи Барномаи рушди соҳаи  моҳипарварӣ дар вилояти Хатлон барои солҳои 2021 -2025”  дар ноҳия.

3) Ҳисоботи  вакили Маҷлиси  вакилони халқи ноҳия,  даъвати шашум  аз ҳавзаи интихоботии  №16 Бадарғаев Шамсиддин.

4) Дар бораи пеш аз муҳлат қатъ гардонидани ваколати  вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ  аз ҳавзаи интихоботии №4 Ғаффорзода  Давлатҷон  Саттор ва таъин намудани интихобот  дар ҳавзаи номбурда.

5) Дар бораи ташкили Комиссияи  ноҳиявии интихобот  оид ба гузаронидани  интихоботи вакили Маҷлиси  вакилони халқи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ  ба ивази вакили  хориҷшуда  дар ҳавзаи  интихоботии №4.

6) Масъалаҳои ҷорӣ:

- тасдиқи қарорҳои  раиси ноҳия оид ба ҷудо кардани маблағ аз бақияи озоди буҷети  маҳаллӣ.

      Дар кори Иҷлосия  раиси ноҳия  Бозоралӣ Одиназода   иштирок ва баромад намуд. Ҳамчунин, намояндаи  Мақомоти  иҷроияи  ҳокимияти  давлатии  вилояти Хатлон,  муовини сардори  Раёсати  маорифи  вилоят    Сарфароз  Ёқубов дар кори иҷлосия  иштирок дошт.   

 

 

image
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

image
Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай

Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай