Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

Хабарҳо - Бузургдошти Мавлоно

 

                                                                                                                                                            30 сентябр -рӯзи Мавлоно

            Дар муассисаи таҳсилоти  миёнаи  умумии №13 ( директораш Қурбоналӣ Чиллаев) ба ифтихори “Рӯзи Мавлоно Ҷалолиддини   Балхӣ”, ҳамасола рӯзи  30 сентябр бо шукуҳи зиёд таҷлил мегардад,  маҳфили адабӣ – мусиқӣ  доир гардид. Маҳфилро роҳбари муассиса Қурбоналӣ Чиллаев  ҳусни ифтитоҳ бахшида, баъдан омӯзгори фанҳои забон ва адабиёти тоҷики муассиса  Рустамова Зайнаббибӣ дар мавзӯи “Рӯзгор ва мероси адабии Ҷалолиддини Балхӣ”  маърӯзаи пурмуҳтавое  кард. Сипас, хонандагони фаъоли муассиса Зайниддин  Бобоев,  Шукрия  Ҳайитова, Сайёҳат  Бобоева, Маҳина Раҳматзода, Бибисоро Набиева, Мадинаи Фаррух,  Рамазон  Наврӯзов, Муҳаммад Қурбонов  аз эҷодиёти  рангини шоири мутафаккир  шеърҳо қироат намуда, дастаи  ҳаваскорони муассиса  аз осори  гаронбаҳои  Мавлоно  ҳикояҳо қироат карда, якчанд  саҳначаро  аз рӯзгори донишманди  бузург  иҷро карданд. Чорабинӣ басо  шавқовару хотирмон гузашт.

 

image
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

image
Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай

Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай