Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

Хабарҳо - Баргузории чорабинӣ бахшида ба Рӯзи байналмилалии саводнокӣ

 

      Имрӯз  дар толорӣ  муассисаи  таҳсилоти миёнаи умумии №14  бо иштироки муовини Раиси ноҳия  Ҳусния Исоқӣ,  намояндаи вазорати маориф  ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Устод Абдуҷаббор  Азизович, Директори Барномаҳои  таълимии ЮСАИД  дар  Ҷумҳурии Тоҷикистон  хонума  Тереза  Миллер, мутахассиси Барномаҳои  таълимии ЮСАИД дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хонума Мавҷуда  Каримовна, муовини  роҳбари лоиҳаи ЮСАИД “Биё ҳамроҳ омӯзем”  дар Ҷумхурии Тоҷикистон ҷаноби Накҳат Абдулофизов, кормандони лоиҳа ,  падару модарон, омӯзгорон  ва хонандагон чорабинӣ доир гардид.

   Қабл аз оғози  чорабинӣ  меҳмонон  ба хонандагони синфҳои 1,4 доири фанни математика саволу ҷавоб оростанд.

    Баъдан, дар роҳрави   ошёнаи   2-юми муассиса  меҳмонон  бо хонандагони 3-4  доири фанҳои дақиқ  машғулият  гузарониданд.

    Дар толори  муассиса баъдан қисмати асосии чорабинӣ баргузор гардид. Меҳмононро муовини раиси ноҳия Ҳ.Исҳоқи  хайрамақдам  гуфта, суханро  ба меҳмонон дод. Директори барномаҳои таълими ЮСАИД дар Ҷ.Т  хонума Тереза  Миллер  дар бораи лоиҳаи ЮСАИД “Биё ҳамроҳ омӯзем”  баромади пурмуҳтаво намуд.

    Дар интиҳои чорабинӣ  хонандагони  мактаби мусиқии ноҳия  шеърҳо хонда, бо рақсу таронаҳои  дилошӯб  хотири иштирокчиёни  чорабиниро  шод гардониданд.

 

 

 

 

image
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

image
Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай

Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай