Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

Хабарҳо - Гусели наваскарон ба хизмати ҳарбӣ

 

                  Ту аскари амониӣ, замони дар паноҳи туст,

                 Ситораи умеди мо ситораи кулоҳи туст.

                                                                                                                   Низом Қосим

      Боиси  хушнудӣ  ва сарфарозист, ки Артиши  миллии  кишвари мо дар давоми солҳои истиқлоли давлатӣ ба яке аз артишҳои пурқудрат табдил ёфта , сипари боэътимоди   давлат ва халқ ба шумор меравад.

    Дохил шудан ба сафи Артиши миллӣ вазифаи ҷонӣ ва аввалиндараҷаи ҳар ҷавони ватандӯст  ва бонангу номуси мамлакат ба ҳисоб рафта, чанд соли охир сафи ихтиёриён  ба  хизмати ҳарбӣ мерафтагӣ  меафзояд. Хизмат дар сафи артиш  мактаби  ҷавонмардист. Ҳар сол дар асоси  фармони  Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон моҳҳои апрелу май ва моҳҳои октябру  ноябр  маъракаи даъвати  ҷавонон  ба хизмати  ҳарбӣ  гузаронида  мешавад.

   Соли ҷорӣ  дар ноҳия  нисбати солҳои  пешина  чорабиниҳои зиёди  пеш аз даъватии  наваскарон  ба сафи Артиши миллӣ  доир гардида, дар ҳамаи ҷамоатҳои ноҳия  чорабиниҳои  фаҳмондадиҳӣ  ва корҳои тарғиботию  ташвиқотӣ  байни  ҷавонони синни даъватӣ  гузаронида шуда, дар назди Кумитаи ноҳиявии  Ташкилоти  Ҷамъиятии Мададгори мудофиа курсӣ омӯзишӣ бо ҷалби  ҷавонони  ватандӯсту содиқ ташкил  карда шуданд.

   Якуми октябри  соли 2022 майдони Исмоили сомонии  маркази ноҳия  ба таври идона оро ёфта  буд. Дар чорабинӣ  бахшида ба “Рӯзи  даъватшаванда  раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ муҳтарам              Бозоралӣ Одиназода, роҳбарони  мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, комисари ҳарбии ноҳия , раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот  роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, собиқадорони меҳнат, ҷанговарони  башардӯст, падару модарон  ва наздикони  даъватшавандагон, донишҷӯён ва дигар меҳмонон  иштирок доштанд.

     Чорабинии “Рӯзи даъватшаванда”-ро  раиси ноҳия, Узви Маҷлиси  Миллии Маҷлиси Олии  мамлакат  муҳтарам Бозоралӣ  Одиназода  кушода, суханро ба намояндаи ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Сардори КВД “ Роҳи оҳани Тоҷикистон”  муҳтарам Комили Мирзоалӣ дод. Муҳтарам Комили Мирзоалӣ дар баромади хеш қайд карданд, ки хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи  кишвар қарзи фарзандии ҳар як шаҳрванд аст ва ман боварӣ дорам, ки ҷавонони сарбаланди ноҳияи мо хизмати Модар- Ватанро содиқона ба ҷо меоранд. Ва ӯ даъватшавандагонро барои ба  хизмати Ватан рафтан  табрик гуфта , ба онҳо хизмати шоиста  ва иқболи нек таманно намуд .Раиси ноҳия

 дар баромади  пурмуҳтавои  хеш нахуст  даъватшавандагону  ҳамаи  иштирокчиёни  чорабиниро  ба муносибати “ Рӯзи  даъватшаванда шодбош гуфта, иброз доштанд, ки нақши Ҳомиёни Ватан дар таъмини амнияту  осоиштагии  ватани  маҳбубамон хеле калон аст ва ҳар як сокини кишвар ба шумо, сарбозони азиз, умеду  боварии зиёд дорад. Шумо аз қабили он ҷавонони диловару сарбаланде ҳастед, ки бо амри дил ба хизмати Ватан рафта, марзу буми онро амсоли Спитамену Деваштич ва дигар шермардони миллат ҳифз менамоед. Ба шумо роҳи сафед ва хизмати шоиста хоҳонам. Баъдан, раиси Шӯрои  собиқадорони ҷангу меҳнати ноҳия  Шариф Раҳимов  баромад карда, зикр намуд, ки хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон  шарафи бузург аст.    Дар  интиҳои чорабинии “Рӯзи даъватшаванда”  маросими  нонгазон  бо иштироки модарон сурат гирифт  ва онҳо фарзандони азизу далери  худро барои хизмати Ватан бо чеҳраи кӯшода   гусел намуданд.

   Донишҷӯдухтарони  Коллеҷи тиббии ноҳия  ба наваскарони ҷавон рӯймолча  ҳадя намуданд.

      Ҳамчунин, падари даъватшаванда  Алламуродов  Абдураҳим, дастпарвари Донишгоҳи  давлатии Данғара, даъватшаванда   Назримадов Нусратулло  баромад карданд.

   Дастаи ҳунармандони  Филармонияи  мардумии ба номи Одина Ҳошимов  хотири иштирокчиёни чорабиниро  бо рақсу  таронаҳои дилошӯб  шод гардониданд.

 

image
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

image
Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай

Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай