Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

Хабарҳо - Забон миллат -ҳастии миллат.

 

            Таҳти ин унвон имрӯз тибќи наќшаи чорабиниҳои  китобхонаи марказии ноҳия  дар толори хониши китобхона ба муносибати 5 октябр Рӯзи забон маҳфили адабӣ - бадеӣ баргузор гардид. Ба чорабинии мазкур хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии №№1 ва 2 шаҳраки Москва фаро гирифта шуданд. Маҳфилро ҷонишини директори китобхонаи марказӣ Абдумаҷид Абдулхайров ҳусни ифтитоҳ бахшида, қайд намуд, ки  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои маҳбубамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  дар суханрониҳои хеш нисбати  забони ноби тоҷикӣ ва гиромӣ доштани он пайваста таъкид менамояд, ки донистани забони модарӣ эҳтиром ба миллат ва гузаштаи хеш  буда, насли имрӯз ва фардои мо бояд дар зеҳни худ забони модариро ҳамчун муқаддасоти мероси миллӣ ва волотарин арзиши фарҳангӣ парвариш дода, аз таълими забони модарии хеш ва осори он огаҳӣ дошта бошад.

Сипас, хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии №№1 ва 2 мањфили  “Забони миллат-ҳастии миллат”-ро  аз рӯи сенарияи омоданамуда хотирмон гузарониданд. Дар чорабинӣ хонандагон Фархунда, Ганҷина, Шаҳрия,  Бузургмеҳр ва чанде дигарон аз эҷодиёти шоирони классику муосир  шеърҳо қироат намуданд.

Дар интиҳои чорабинӣ шогирдони мактаби бачагонаи мусиқии ноҳия ба номи Сайидбухорӣ Маҷидов барномаи махсуси идона бахшида ба Рӯзи забонро пешниҳоди ҳозирин гардониданд.

Дар ташкил кардан ва ба роҳ мондани маҳфили адабӣ – бадеии “Забони миллат- њастии миллат”  кормандони китобхона Юнусова Башорат, Маҷидов Толиб, Наргиси Абдусалом, мудири филиал-китобхонаи №17, шаҳраки Москва Ф.Набиев  ва директори мактаби бачагонаи мусиқии ноҳия  Ш.Нурматов саҳмгузор буданд.

Дар мањфил сармуҳаррири рўзномаи ноҳиявии “Навиди Ҳамадонӣ Қувватзода Ҷовид, котиби масъули рўзнома Илёсиддин Набиев, раиси Ҷамоати деҳоти Қаҳрамон Манучеҳр Назаров иштирок доштанд ва баромад карданд.

 

 

 

 

 

 

image
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

image
Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай

Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай