Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

Хабарҳо - Ҷамъомади назди раиси ноҳия

                 

    Дар ҷаласаи  назоратии назди раиси  ноҳия , ки рӯзи  душанбеи  3 октябр доир гардид, 15 масъалаи  мубрами рӯз мавриди баррасӣ  қарор гирифтанд. Аввало, масъалаи пешниҳоди  нақшаи ҷамъоварии маблағҳои андоз барои моҳи октябр  дида баромада шуда, раиси  ноҳия ба масъулони  соҳа тавсия  доданд, ки  барои иҷрои нақшаи  ҷамъоварии  маблағҳои  андоз чораҷӯӣ намоянд.

    Баъдан, масъалаҳои дигари ҳалталаби рӯз  ҷамъоварии  ҳосили пахта , супоридани  ҳосили ҷамъоваришуда ба корхонаю  коргоҳҳои  пахтақабулкунӣ, иҷрои нақшаи кишти пиёзи  барвақтӣ, кишти сабзавот, хусусан, пиёзу сабзӣ дар хоҷагиҳои деҳқонӣ;  барқарор  намудани  заминҳои токзор  ва ривоҷ  додани боғу  токпарварӣ дар ноҳия, муайян намудани миқдору ҳаҷми сардхонаву амборхонаҳои маҳсулот дар ҳудуди ҷамоатҳои деҳот, бунёди корхонаю коргоҳҳои  шароббарорӣ дар ноҳия низ  ҳаматарафа  баррасӣ  гардида, раиси ноҳия муҳтарам  Бозоралӣ  Одиназода  ба ҳамаи шахсони масъул ҷиҳати  иҷроиши  корҳо  дастуру супоришҳои  мушаххас  доданд.

    Раиси ноҳия доири  масъалаҳои дигари ҷамъомад пешниҳоди рӯйхати иншоотҳои  ҷашнии дар моҳи октябр мавриди қабулу истифодашаванда, гузоштани масъалаи рафти иҷрои Барномаи амнияти озуқавории  Ҷумҳурии Тоҷикистон  барои солҳои 2020-2024 дар нақшаи  кории соли ояндаи маҷлиси  вакилони халқи ноҳия; дидани чораҳои қатъӣ ҷиҳати ҷобаҷогузории кадрҳо ва пурра гардидани воҳидҳои кории холии Раёсати  кишоварзӣ ва мутахассисони соҳа дар ҷамоатҳо;  омодагӣ ба ҷамъбасти натиҷаҳои  рушди иҷтимоию  иқтисодӣ дар 9-моҳаи солӣ ҷорӣ соҳа ба соҳа, баргузории чорабиниҳо бахшида ба Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон; дар бораи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ;  рафти иҷрои нақшаи обунашавӣ  ба рӯзномаю  маҷаллаҳо  аз масъулони  соҳаҳо  пурсиш ба амал  оварда, баҳри  амалишавии  масъалаҳои ҷаласа ба мутасаддиёни  соҳа  дастуру супоришҳои  мушаххас доданд.

 

 

image
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

image
Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай

Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай