Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

Хабарҳо - ЗАБОН - ҲАСТИИ МИЛЛАТ

                   Табрикоти раиси ноҳия  мухтарам Бозоралӣ Одиназода  бахшида  ба Рўзи забони давлатӣ

          Мулоқоти имрўзаи мо ба хотири гиромидошти забони давлатӣ ва рўзи омўзгорон, ки дар Рўзи забон дар иртибот ба тасвиби Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»  5-уми октябр муқаррар шудааст, баргузор мегардад.

         Ин рўзро ба хотири бузургдошти забони тоҷикӣ ҳар сол ҷашн мегирем. Ва ин бесабаб нест, зеро забон рукни асосии давлат аст. Ин ид дар ҳақиқат,  шаҳомати хосае дорад.  

Бо истифода аз фурсати муносиб, ҳамаи Шумо, ҳозирини муҳтарам ва ҳамдиёронро ба  ин ҷашни барои ҳар яки мо муқаддас табрик мегўям ва таманно мекунам, ки он ҳамчун воситаи муҳими давлатдорӣ ва бақои миллати тоҷик, омили асосии ташаккули ҳисси миллӣ, ифтихори ватандорӣ ва пайвандгари наслҳои имрўзу ояндаи мо дар таърихи мавҷудияти инсонҳо бегазанд монад.

     

      Забони   тоҷикӣ – ин       ёдгории  маънавии миллиамон ҳамчун оинаи таърихи деринаи халқамон, инъикосгари урфу одат ва  расму  анъанаҳои милливу давлатдории мо мебошад.  Аз ин  рў,  ифтихор аз Ватан, ифтихор аз таъриху фарҳанг ва гузаштагони сарбаланди хеш аз пок нигоҳ доштани забони модарӣ сар мешавад. Як рукни давлат, ҳастии миллат, бузургтарин сарвати бебаҳои халқ – забони модарист. Пояи устувори давлатдориву нишони мавҷудияти миллат забони ўст. Мо бояд аз он ифтихор дошта бошем, ки соҳиби забони ширину гуворо, гўшнавозу қадимӣ  ва пурғановат, забони шеъру адабиёти оламгир ҳастем ва тавре, ки Пешвои муаззами  миллат Эмомалӣ Раҳмон фармудааст - «Тоҷикистон остонаи муҳаббату дилгармии ҳамаи онҳоест, ки моҳияти забони шоирона ва башардўстонаи моро медонанд».

      Мо бояд ба қадри тамаддуну арзишҳои фарҳангӣ, забони миллїӣва шеъру сухани оламгири ниёгон бирасем ва меҳрашро бо шири модар ба қалби фарзандонамон ҷо кунем ва ин анъанаро аз насл ба насл идома диҳем, то забони ноби тоҷикӣ умри ҷовидона ёбад.

Пайдост, ки барои аҷдоди бонангу номуси мо мафҳумҳои Модар, Ватан, Истиқлол, Забон ва Фарҳанг ҳамеша ҳаммаъно буданд, ҳастанд ва мемонанд.         

Бо шарофати соҳибистиқлолӣ забони тоҷикӣ мисли давлати миллиамон дубора эҳё гардида, имрўз дар тамоми қаламрави кишвар мақоми шоиста пайдо намудааст. Дар натиҷа ин санаи муборак дар қатори пурифтихортарин ҷашнҳои Ватани азизамон қарор дошта, мо онро мисли дигар муқаддасоти миллии худ гиромӣ  ва муътабар медонем ва ба сифати нишонаи ҳастии миллат чун гавҳараки чашм ҳифз менамоем.

            Забон таҳкимбахши ваҳдати миллӣ ва пайвандгари асосии дўстиву ҳамдигарфаҳмии халқҳо мебошад. Дар марҳилаи кунунии рушди забони тоҷикӣ мо бояд фарҳанги забонро сайқал диҳем. Ин пеш аз ҳама ба гуфтори шифоҳӣ дахл дорад.

     Поку бегазанд нигоҳ доштани забони тоҷикӣ, ҳифозати он аз ҳар гуна унсурҳои ғайри қобили қабул вазифаи ҳар як шаҳрванд мебошад.

    Билохир, пояи миллат забон аст,

   Забон, ки гум шавад,  миллат бимирад,

   Забони миллат аз миллат нишон аст,

   Забон омўз, то миллат намирад.

           Бузургони мо фармудаанд, ки “Забон донӣ – ҷаҳон донӣ” донистани  ҳам  забони модарӣ ва ҳам забонҳои хориҷӣ ба пешрафти маънавии ҷавонон ва кишвари соҳибистиќлоли мо мусоидат менамояд ва имконияти густариши муносибатҳои дипломатӣ ва робитаҳои фарҳангиву иқтисодиро фароҳам меоварад. Забондонӣ нишонаи фарҳангу хирад ва роҳ кушодан ба уфуќҳои нави илму тамаддуни пешрафта мебошад.

     Имрўз давлати тозаистиқлоли Тоҷикистон бо забони давлатӣ санадҳои ҳуқуқии байналмилаливу байнидавлатӣ, аз ҷумла созишномаҳо  ва ќарорҳои муҳимро ба имзо мерасонад. Забони тоҷикӣ имрўз на танҳо дар умури коргузорӣ, балки  дар робитаҳои хориҷии кишвари мо бо дигар давлатҳои ҷаҳон низ ба таври васеъ мавриди истифода қарор дорад.

        Ғамхорӣ нисбат ба забон яке аз самтҳои муҳими сиёсати давлат  ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.   Таҷлили  ҳамасолаи    Рўзи

забон далели равшани сиёсати давлат дар самти забони миллӣ мебошад.

        Дар ҳифзи асолати забони нобу шоиронаи тоҷикӣ аз падару модарон сар карда, то мураббиёни муассисаҳои томактабӣ, муаллимону устодони мактабҳои таҳсилоти миёнаву касбӣ, аҳли зиё ва умуман тамоми ҷомеа бояд ғамхор ва саҳмгузор бошанд.

        Дар ин раванд саҳми адибону шоирони ноҳия устод Алимуҳаммад Муродӣ, Салим , Файзуллои Сомонӣ, Абдуҳалим Салимзода, Ислом Юсуфӣ, Нурмуҳаммад Сироҷӣ, Қосимҷон Зарифӣ, шодравон Иброҳим Саид, Ғаффоралӣ Сафар ва рўзномаи ноҳиявии “Навиди Ҳамадонӣ” калон мебошад.

      Дар самти ислоҳи хатои навиштаҷоту шиорҳо дар кўчаҳо, овезаҳои таблиғотӣ,  ки барои забони хубу равон муҳим аст, вале онҳо ғалат ва ё ғайритоҷикӣ навишта мешаванд,     рўзномаи  «Навиди Ҳамадонӣ»   мунтазам маводҳои  танқидӣ  ва  тавсиявӣ рўи  чоп  меорад.   Мо вазифадорем, ки пеш аз ҳама бо забони тоҷикӣ, ки забони модариамон аст, бехато, озод ва зебо сухан ронем, то миллатҳои гуногуне, ки дар ќаламрави ноҳияамон зиндагӣ доранд, нисбат ба он эҳтиром гузошта, баҳри омўзиши он саъю талош намоянд.

      Забони тоҷикӣ–ин забони сулҳу дўстӣ, меҳру муҳаббат ва садоқату бародарист. Гузаштагони мо низ забони хешро маҳз бо ҳамин сифатҳои олии он ситоиш кардаанд.

      Забони  модарӣ амонатест аз модарон ба фарзандон.  Ин амонатро фарзандон бояд чун гавҳараки чашм эҳтиёт кунанд, поку беолоиш  ва аз махлутшавӣ нигоҳ доранд.

     Забони мо баёнгари сарнавишти мо, мояи ифтихору сарфарозӣ ва пойдории Ваҳдати ҷовидонаи миллати мост. Пас, биёед, соҳиби сазовор, хазинадори пурифтихор, вориси бонангу ор ва посдори ҳушёри забони модарӣ, забони халќи тамаддунсоз ва куҳанбунёди тоҷик бошем.

       Дар замони муосир, ки барои ҳамаи кишварҳо глобализатсия-ҷаҳонишавӣ таҳдид мекунад, забонҳои пурќудрат мавқеи забонҳои миллатҳои хурдро танг карда, ба нестӣ мебаранд. Забон, ки маҳв шуд, миллат маҳв мешавад.

  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  дар бораи мақому нақши омӯзгор дар ҷомеа         сухан  ронда     таъкид       менамоянд, ки «Омӯзгорӣ муқаддастарин пешаи рӯйи олам аст. Бедории фикр, покизагии ахлоқ ва ташаккули ақлонии инсон маҳсули ранҷу машаққати омӯзгорон мебошад. Миллате, ки ба илму дониш ва фарҳангу маънавиёт арҷ мегузорад, миллати ояндадор ва тавонову соҳибтамаддун аст».

       Аз ин лиҳоз, обрӯй ва эътибори омӯзгор дар ҷомеъа мунтазам боло рафта, ҳамчун хазинаи тиллоии миллат ҳамеша дар маркази таваҷҷуҳи давлату Ҳукумат қарор гирифтааст. 

  Сол аз сол беҳтар гардидани шароити  иҷтимоии кормандони соҳаи маориф, натиҷаи ғамхориҳои рӯзафзуни давлату ҳукумат нисбати мактабу  маориф мебошад. Айни замон дар муассисањои таълимии ноњия 1972 нафар омўзгорон фаъолият намуда истодаанд, ки аз онњо 1097 нафар,  ин ки 55,6 фоизро занон ташкил медињанд.  Аз ин шумора 1526 нафар бо тањсилоти олї, 397 нафар бо таҳсилоти миёнаи касбӣ ва 49 нафар бо таҳсилоти миёнаи умумӣ ба таълиму тарбияи насли наврас машѓул мебошанд.

       Дар доираи арҷгузорӣ ва ќадршиносии заҳматҳои содиќонаи омўзгорон соли ҷорӣ 6 нафар омўзгорон бо унвони “Аълочии маорифи Ҷумҳурӣ”, 10 нафар бо “Ифтихорнома” – и  вазири маориф ва илми Ҷумҳурӣ ва 40 нафар омўзгорон бо Сипоснома – и раиси ноҳия қадршиносӣ гардиданд. Дар ин давра 62 нафар омўзгорон дар осоишгоҳҳои Ҷумҳурӣ саломатии худро барќарор намуда, ба 50 нафар омўзгорон ба маблаѓи 5 ҳазор сомонӣ ёрии моддии якваќтаина расонида шудааст. Шароити таълиму тадрис дар муассисаҳои таълимӣ сол то сол беҳтар гардида истодааст, ки ба раванди дурусти таълиму тарбия мусоидат хоҳад кард. Аз ҷумла, дар соли ҷорӣ бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дар назди муассисаи таълимии №43 – и деҳаи Ҳуснободи деҳоти Меҳнатобод бо маблағгузории Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ, сохтмони 10 синфхонаи таълимӣ, 7 кабинетҳои таъйиноти гуногун бо маблағи 6 миллиону 500 ҳазор сомонӣ, бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маблағгузории Сафорати давлати Япония дар Тоҷикистон  11 синфхона дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №35 дар деҳаи Боѓистони Ҷамоати деҳоти Турдиев, се синфхонаи иловагӣ дар назди  муассисаи таҳсилоти  миёнаи  умумии  №26, 2 синфхонаҳои иловагӣ дар назди муассисаҳои таълимии раќамҳои 4, 18 ва 31 дар маҷмуъ барои 925 ҷойи нишаст сохта ба истифода дода шуданд, ки дар 2 баст 1850 нафар хонандагон метавонанд ба таҳсил фаро гирифта шаванд.  Инчунин, дар доираи чорабиниҳо бахшида ба 35 – солагии Истиќлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арафаи ҷашни Рўзи Вањдати миллӣ бо ибтикори шахсони саховатпеша ва дастгирии сокинон дар деҳаи Сафедоби Ҷамоати деҳоти Панҷрўд дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии раќами 10 санги асос барои сохтмони бинои нави муассиса гузошта шуд, ки дар он сохтмон бо маром идома дорад.   

  Ҷиҳати амалишавии Барномаи давлатии  амалӣ  намудани технологияҳои иттилотӣ – коммуникатсионӣ бошад  дар ин давра – 80 адад компютер ва 4 тахтаи электронӣ аз ҳисоби буҷаи маҳаллӣ, 3 адад ноутбук, 3 адад тахтаи электронӣ ва видеопроектор аз ҳисоби ЮСАИД  36 адад компютер ва 1 адад тахтаи электронӣ ва видеопроектор аз ҳисоби Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ харидорӣ карда шуда, дар арафаиҷашни омўзгор аз тарафи Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ 2 адад ва аз ҳисоби Раёсати маорифи вилояти Хатлон 14 адад тахтаҳои электронӣ ба муассисаҳои таълимбӣ равон карда шуданд.

      Дар заминаи амалӣ гардонидани барномаи муҷҳҳазгардонии кабинетҳои  фаннӣ  соли равон 11 кабинетҳои фаннии тайиноти гуногун аз ҳисоби буҷаи маҳаллӣ ва 9 кабинети фанҳои гуногун аз ҳисоби Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ ҷиҳозонида шуда мавриди баҳрабардорӣ ќарор дода шуданд. Ҳамаи ин имконият медиҳад, ки дараҷаи дарсазхудкунӣ ва сатҳи забондонии хонандагон баланд бардошта шавад.

Дар фарҷоми сухан бори дигар Рўзи забони давлатӣ ва рўзи омўзгоронро ба ҳамаи Шумо,  ҳамдиёрони азиз ва дўстдорони калому сухани ноби шоиронаи тоҷикӣ  муборак мегўям.

 

image
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

image
Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай

Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай