Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

Хабарҳо - Баргузори чорабини тантанавӣ ба ифтихори Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи касбии омӯзгорон

   Имрӯз дар толори Филармонияи  мурдумии ба номи Одина Ҳошимов  ба ифтихори рӯзи забони давлатии  Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва Рӯзи касбии  омӯзгорон  ҷамъомади тантанавӣ  доир гардид.

    Нахуст дар саҳни Филармония  намоиши корҳои омӯзгорону хонандагони дабистонҳои  ноҳия баргузор гардид. Сипас,  дар  толори Филамония ќисмати асосии чорабинӣ бо сухани  табрикии  муовини аввали раиси ноҳия Маҳдӣ Орифзода, муовини раиси Кумитаи кор бо занон ва  оилаи назди Ҳукумати ҶТ Абдураҳмонзода Умеда ва шоири Халқи Ҷумҳурии Тоҷикистон Алимуҳаммад Муродӣ оғоз гардид. Онҳо зимни баромади хеш қайд намуданд, ки: “Мо бояд ба қадри тамаддуну арзишҳои фарҳангӣ, забони миллӣ ва шеъру сухани оламгири ниёгон бирасем ва меҳрашро бо шири модар ба қалби фарзандонамон ҷо кунем ва ин анъанаро аз насл ба насл идома диҳем, то забони ноби тоҷикӣ умри ҷовидона ёбад”.  Баъдан муовини аввали раиси  ноҳия  Маҳдӣ  Орифзода ба собиқадорони маориф  ва омӯзгорони пешқадами  мактабҳои ноҳия  “Сипоснома”-ву  “Ифтихорнома” ва туҳфаҳои  идона МИҲД-и ноҳия ва шуъбаи  маорифро  супориданд.

   Дар қисмати асосии  чорабинии  идона намоиши театрикунонидашудаи  ҳунармандони ноҳия   манзури ҳозирин  гардонида шуд.

    Дар фарҷоми чорабинӣ  аҳли ҳунари  Филармонияи мардумӣ  хотири иштирокчиёни  чорабинии идонаро  бо рақсу таронаҳои марғуб  шоду мафтун намуданд.

image
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

image
Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай

Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай