Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

Хабарҳо - НИШОНДИҲАНДАҲОИ ИСТЕҲСОЛӢ НАЗАРРАСАНД

         Имрӯз дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия маҷлиси ҷамъбасти нуҳмоҳа баргузор гардид. Дар он раиси ноҳия муҳтарам Бозоралӣ  Одиназода, муовинони раис, роҳбари Дастгоҳи раиси ноҳия, мудирони бахшу  шуъбаҳо, роҳбарони ташкилоту  муассисаҳо, коргоҳу  корхонаҳо,  раисони Ҷамаотҳо ва фаъолони  ноҳия  иштирок  доштанд.  Муовини аввали раиси ноҳия Маҳдӣ Орифзода “Оид ба вазъи иҷтимоию иқтисодии ноҳия дар нуҳмоҳаи соли 2022” маъруза  намуд. Сипас, раиси ноҳия муҳтарам Бозоралӣ  Одиназода ҳар як соҳаро дар алоҳидагӣ мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода, ба  масъулин ҷиҳати саривақт ва бо сифат  анҷом додани корҳо дастуру супоришҳои судманд  доданд. Ҳамчунин, вазъи  обунашавӣ ба рӯзномаю маҷаллаҳо  ва  даъвати навбатии ҷавонон ба сафи артиш  мавриди муҳокима  қарор  дода  шуда,  ба  масъулин  супорида  шуд, ки то  охири  моҳи  октиябр    масъалаҳои зикршуда  ҳалли хешро  ёбанд.  

     Дар кори маҷлиси ҷамъбастӣ намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ёрдамчии  Директори КВД “Роҳи оҳан”-и Тоҷикистон Латифзода Анвар, намояндаи МИҲД вилояти Хатлон  Салимзода Давлаталӣ иштирок  намуданд.

 

image
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

image
Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай

Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай