Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

Хабарҳо - Пахтачинӣ дар авҷ

         Заркорони ботаҷрибаи  хоҷагиҳои деҳқонии Ҷамоатҳои деҳоти ноҳия аз рӯзҳои   гарми  моҳи  октябр самарабахш истифода  бурда, рӯзи  гузашта (ба ҳолати 08.10.2022) 280  тонна дурри гаронбаҳо ҷамъоварӣ намуданд, ки ин баробари 2,03 фоизи нақша мебошад. Аз аввали мавсим хирмани оростаи  кишоварзони ноҳия  ба  9773,7 тонна расид. Ҷамоатҳои  деҳоти Панҷоб, Чубек, Панҷрӯд ва ба номи Турдиеви  ноҳия корро  хеле хуб  ташкил карда, иҷрои Дурнаморо 71,9 -93,7 дарсадӣ ба ҷо оварданд.

 Пахтакорони  зафарпешаи Ҷамоати деҳоти Панҷоб имрӯз ё пагоҳ аз иҷрои  нақшаи Дурнамо мужда мерасонанд.

          Умед  дорем, ки  кишоварзони  ҳимматбаланди ноҳия суръати пахтачиниро суст накарда,  баҳри он азму  талош  менамоянд, ки Дурнамои  истеҳсолӣ “тиллои сафед”-и ноҳияро ҳамин моҳ  бо сарбаландӣ иҷро мекунанд. Ба ҳамаи деҳқонони асили ноҳия ғайрати тоза таманно дорем.

image
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

image
Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай

Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай