Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

Хабарҳо - Сохтмони синфхонаҳои иловагӣ идома дорад

          Бунёди  синфхонаҳои  иловагӣ дар назди муассисаи  таҳсилоти  миёнаи умумии №10-и деҳаи Сафедоби  Ҷамоати деҳоти Панҷруд басуръат идома дорад.

   Тавре директори  муассисаи номбурда  Мирзо Алиев дар суҳбат қайд кард, бинои дуошиёна  иборат аз 8 синфхона  ва як ҳуҷраи корӣ бо  дастгирии соҳибкорони маҳаллӣ ва кумитаи  падару модарони  муассиса (АВО) аз моҳи  майи  соли 2022 бунёд ёфта  истодааст.

   Алҳол корҳо дар ошиёнаи якум дар арафаи анҷомёбист. Дар бунёди синфхонаҳои иловагӣ саҳми марди  саховатпеша  Шаҳбоз Шарифов лоиқи таъриф аст.

   Дар идомаи суҳбат М. Алиев гуфт, ки  синфхонаҳои иловагӣ дар давоми соли хониши 2022-2023 бояд пурра ба охир расонида шаванд.

 

 

image
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

image
Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай

Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай