Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

Хабарҳо - Хушхабар аз дехоти «Панҷоб»

 

                                

      Заркорони њимматпешаи  Ҷамоати деҳоти  «Панҷоб» (раисаш  Фирўз  Розиқов) соли ҷорӣ дар майдони 238 гектар замин кишти  пунбадона  гузаронида  тибќи  Дурнамо  ба хирмани   бобаракати  ноҳия  555 тонна дурри гаронбаҳо   рехтанӣ  ҳастанд. Аҳли заҳмати  деҳоти мазкур  дар натиҷаи  меҳнати аҳлона   ва андешидани  тадбирҳои  фаровонҳосилӣ  ҳосили  хуби пахта  парвариш карда  расонидаанд.

   Кишоварзони деҳоти номбурда  чинишӣ  пахтаро  муташаккилона  ба роҳ монда , имрўз  аз иҷрои наќшаи Дурнамо  мужда расониданд.

    Деҳқонони  бо таҷрибаи  деҳоти  номбурда  ба хирмани  ноҳия  беш аз 555 тонна пахтаи хушсифат   супориданд, ки сад дарсади  нақшаро   ташкил менамояд.

   Кишоварзони  деҳоти  «Панҷоб»  мақсад доранд, ки   ҳосили дар саҳро бударо беталаф ғундошта , боз даҳҳо тоннаи  дигар пахта чида , дар иљрои Дурнамои ноҳия  саҳмгузор мекунанд.

  

image
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

image
Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай

Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай